Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад.
Парчами ҳар як кишвар маҳсули тарзи тафаккур ва муаррифгари ҳар як миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ин рамзи миллии ҳар як кишвар буда, аз ангезаҳо ва ормонҳои ҳар як миллат далолат мекунад ва то ҳаде баёнгари шароити ҷуғрофӣ, моҳияти фарҳангӣ ва воқеаҳои сарнавиштсоз дар таърихи ҳар як миллат аст. Парчами миллӣ ба унвони рамзи ҳуввият, ҳокимият ва истиқлолияти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад ва аҳамияти он дар мавридҳои зерин ифода меёбад: муаррифӣ ва арзишҳои кишвар, рушди иттиҳоди миллӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ, эҳтиром ва эътибор дар маросимҳои расмӣ ва дипломатӣ. Истифодаи дуруст ва риояи протоколҳои марбут ба парчам дар вохӯриҳои расмии байни сарони кишварҳо, дар созмонҳои байналмилалӣ зарур буда, нишондиҳандаи эҳтироми мутақобил ва усули дипломатӣ бошад.
Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум мекунад, ки 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад. Парчам дорои се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад.
Агар ба таърихи парчами солҳои пешин назар афканем, то пазириши парчами кунунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1935, 1940, 1946, 1953 ва 1991) шакли он иваз карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии кишвар Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашонро нисбати ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон баён карда буданд. Ҳамин эҳтирому посдории Роҳбари давлат нисбати Парчам буд, ки бо ташаббуси ӯ Рӯзи Парчами давлатӣ иди бошукўҳ эълон гардид.
Бояд гуфт, ки парчами миллӣ, ин рамзи пирӯзиву давлатдории мост ва парафшон гардидани он ба ҳар як фарди бо нангу номуси миллат илҳоми тоза баҳри расидан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ мебахшад.
Парчами миллӣ мояи сарбаландию некӯ насибии миллати соҳибватан аст. Аз ин ҷост, ки ба шарофати хизматҳою қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат парчами Ватани маҳбуби мо дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҷавлонгар аст. Дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷик аст. “Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад”.
Аҳамияти Парчами миллӣ дар рушди ғурури миллӣ ва ҳувияти миллӣ – Парчами милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рамзи миллат аст, ки қалб ва руҳи мардуми ин кишварро ба ҳам пайванд медиҳад. Вақте ки парчам бар фарози сутун ба ҷилва меояд, эҳсоси ғурур ва ҳисси миллиро дар миёни мардуми тоҷик зинда месозад. Майдони парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе ба маконе барои ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои расми табдил шуда ва ба мардум ёдовари мекунад, ки гузашта, ҳоло ва ояндаашон ба ҳам гиреҳ хурдааст.
Аз ин рў, ҳар яки мо бояд нисбат ба Парчами миллӣ эҳтироми хосса ва ватандустона дошта бошем, ҳамеша ва дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок ва муқаддас доштанаш бо ҳама ҳастӣ омода бошем.
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х.