Муассисони “Ҷумъа бозор”-и шаҳри Хуҷанд тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Tik Tok” ва “You Tube” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиати видеоӣ намуда, норозигии худро нисбат ба ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 1-уми сентябри соли 2026 ва амалҳои судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш. баён кардаанд.
Ҳангоми омӯзиши муроҷиати муассисони “Ҷумъа бозор”-и шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд, ки ҶДММ “УМАР АЗ” нисбат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ “Асри МО” дар бораи мавриди баҳс қарор додани беамалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, амалҳои Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба интихоби қитъаи замин ва Шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 21-уми июли соли 2026, №403 ва ҶДММ “Ваҳдат” нисбат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ “Асри МО” дар бораи беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 21-уми июли соли 2026, №403 ва барқарор намудани ҳуқуқи истифодаи замин бо аризаҳо ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат кардаанд.
Аризаҳои ҶДММ “УМАР АЗ” ва ҶДММ “Ваҳдат” бо таъинотҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ қабул карда шуда, баъд барои якҷоя баррасӣ намудан дар як истеҳсолот якҷоя карда шуда, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ карда шудааст. Дар натиҷа, бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 1-уми сентябри соли 2026 аризаҳои зикршудаи ҶДММ “УМАР АЗ” ва ҶДММ “Ваҳдат” бинобар беасос буданашон рад карда шудаанд.
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 1-уми сентябри соли 2026 аризадиҳанда ҶДММ “УМАР АЗ” розӣ нашуда, ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ бо шикояти кассатсионӣ муроҷиат кардааст. Бо таъиноти Суди Олии иқтисодӣ аз 7-уми октябри соли 2026 шикояти кассатсионии ҶДММ “Умар АЗ” ба истеҳсолоти суди марҳилаи кассатсионӣ қабул ва истеҳсолоти кассатсионӣ оғоз карда шуда, баррасии шикояти кассатсионӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ ба санаи 15-уми октябри соли 2026 соати 10:00 дақиқа дар бинои Суди Олии иқтисодӣ таъин карда шуда, шахсони иштироккунандаи парванда, аз ҷумла намояндаи аризадиҳанда ҶДММ “УМАР АЗ” Рустамшозода С.Р. дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бо таври дахлдор огоҳ карда шудааст. Санаи 15-уми октябри соли 2026 соати 10:00 дақиқа ба маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ намояндаи аризадиҳанда ҶДММ “УМАР АЗ” Рустамшозода С.Р. ҳозир нашудааст.
Бинобар ҳозир нашудани намояндаи аризадиҳанда ҶДММ “УМАР АЗ” Рустамшозода С.Р. дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ то санаҳои 20 ва 22-юми октябри соли 2026 танаффус эълон карда шуда, шахсони иштироккунандаи парванда, аз ҷумла намояндаи аризадиҳанда ҶДММ “УМАР АЗ” Рустамшозода С.Р., ки шикояти кассатсиониро пешниҳод кардааст, дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бо таври дахлдор огоҳ карда шудааст. Санаҳои 20 ва 22-юми октябри соли 2026 ба маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ намояндаи аризадиҳанда ҶДММ “УМАР АЗ” Рустамшозода С.Р. ҳозир нашудааст.
Дар натиҷа, бо таъиноти Суди Олии иқтисодӣ аз 22-юми октябри соли 2026 шикояти кассатсионии ҶДММ “УМАР АЗ” нисбат ба ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 1-юми сентябри соли 2026 аз рӯи парвандаи зикршуда бе баррасӣ мононда шудааст.
Ваҷҳҳо ва иддаоҳои дар муроҷиат баёнгардида асоси воқеъӣ надошта, ҳангоми омӯзиш ва санҷиш тасдиқи худро наёфтанд.