ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Posted by

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Парчам ҳамчун рамз ва намоди соҳибдавлатӣ дар таърихи халқи тоҷик нақш ва мақоми худро дорад. Унсуру аломатҳои парчам инъикосгари рамзи давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад, ки вобаста ба сохти давлатдорӣ тағйир меёбад. Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ид дорад.  Рӯзи  Парчам! Парчаме, ки халқи меҳнатдӯсту сулҳпарвари тоҷик бо як ҷаҳон орзуву умед аз он ифтихор дорад. Парчаме, ки  дар фазои беғубори Тоҷикистони офтобӣ ҷилвагар асту аз ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободи мардумаш дарак медиҳад. Парчам дар баробари Нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии  соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои муқими он ба шумор меравад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон буда, ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол сарчашмаи ифтихор аст.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми  ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда  мешавад. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шудааст.

Пӯшида нест, ки рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки он маънои амиқ дорад. Агар ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад, ранги сафед – рамзи покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии  асосии мамлакат – пахта аст. Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин, рамзи шукуфоии кишвар буда, инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр  будани Ҷумҳурии  Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳамчун рамзи  бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Аз ҷумла, пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори мо – тоҷикон мебошад. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ парчами Тоҷикистони  соҳибистиқлол дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои дунё парафшон аст. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон  бо роҳбарии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти милливу давлатӣ  халқу миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Он ба сифати  рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза баҳри  соҳибистиқлолӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ  мекунад.

Халқи тоҷик дар тӯли таърих бо шикасту рехт ва ҳуҷуми аҷнабиён борҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Вале бо ин ҳама кашмакашиҳо бо як матонати қавӣ тавонистанд ин рамзи ифодагари фарҳанги миллии тоҷикро ҳифз кунанд. Саъю талошҳои абармардони миллати тоҷик буд, ки дар тӯли таърих парчами тоҷик парафшон мебошад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол аст, парчами бахту иқболаш парафшон аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарумр бо истиқлол аст. 

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Бигзор Парчами  Тоҷикистон болои сари миллату давлати тоҷикон, ҳамчун мояи ифтихору сарсабзӣ ҷилвагар бошад! 

       Котиби маҷлиси судии

       Суди иқтисодии вилояти Суғд                                                      Набиев Х.А.