Забони давлатӣ ва нақши он дар фаъолияти мақомоти судӣ

Posted by

Забон яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ва муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар миллат тавассути забони худ таърих, фарҳанг, андеша ва арзишҳои маънавии хешро ба наслҳои оянда мерасонад. Забони тоҷикӣ барои миллати тоҷик танҳо воситаи муошират нест, балки таҷассумгари ҳастии миллӣ, омили муҳими худшиносӣ ва пайванди ногусастании гузашта бо имрӯз ва фардо мебошад.

Дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ боз ҳам таҳким ёфта, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аҳаммияти хос пайдо кардааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 яке аз қадамҳои муҳими ҳуқуқӣ дар самти ҳифз ва рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамасола 5 октябр таҷлил гардидани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели таваҷҷуҳи хос ба ҷойгоҳ ва рушди забони миллӣ мебошад.

Ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва татбиқи қонун нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, забони давлатӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ низ мавқеи муҳим дошта, ҳамчун воситаи асосии ифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, санадҳои судӣ ва муносибати расмӣ бо шаҳрвандон истифода мешавад.

Дар фаъолияти судӣ ҳар як калима аҳаммияти махсус дорад. Қарори суд, ҳалнома, таъинот, протокол, санади мурофиавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бояд бо забони возеҳ, дақиқ, мантиқӣ ва фаҳмо таҳия гарданд. Зеро дар ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нодуруст истифода шудани ҳатто як калима метавонад боиси нодуруст дарк гардидани мазмуни он гардад.

Сухани дақиқ дар фаъолияти судӣ нишонаи фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти касбӣ мебошад. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти судӣ бояд дар баробари дониши амиқи қонунгузорӣ ба фарҳанги забондонӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Риояи қоидаҳои имло, услуб, грамматика ва истифодаи дурусти истилоҳоти ҳуқуқӣ аз ҷумлаи талаботи муҳими фаъолияти касбӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дорои таърихи қадима ва мероси бузурги адабию илмӣ мебошад. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигар бузургони миллат шаҳодат медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо забони илму адаб, фарҳанг ва андеша будааст. Ин мероси гаронбаҳо моро водор месозад, ки забони модарии худро эҳтиром намуда, барои покӣ ва рушди он саҳм гузорем.

Мақоми забони давлатӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ танҳо ба коргузорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ маҳдуд намешавад. Муоширати кормандони мақомоти судӣ бо шаҳрвандон низ бояд бо риояи меъёрҳои забони давлатӣ, одоби муошират ва фарҳанги баланди касбӣ сурат гирад. Шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба мақомоти судӣ бояд сухани равшан, муносибати эҳтиромона ва шарҳи фаҳмои масъалаҳои ҳуқуқиро эҳсос намояд.

Адолат бояд на танҳо амалӣ, балки ба таври равшан ва фаҳмо баён карда шавад. Дар ин раванд забон воситаи муҳими расонидани мазмун ва моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мебошад.

Дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъулияти кормандони мақомоти давлатӣ дар истифодаи дурусти забони давлатӣ боз ҳам бештар мегардад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ, сомонаҳои расмӣ ва дигар воситаҳои рақамии иттилоотӣ низ бояд бо забони адабии тоҷикӣ ва дар асоси меъёрҳои муқарраршуда таҳия гарданд. Ин на танҳо талаботи забонӣ, балки нишонаи фарҳанги ҳуқуқӣ ва маъмурии давлат мебошад.

Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди забони давлатӣ, истифодаи дурусти он дар фаъолияти судӣ ва такмили истилоҳоти ҳуқуқии тоҷикӣ вазифаи муҳим ба шумор меравад. Забони давлатӣ дар баробари қонун ва ниҳодҳои давлатӣ яке аз пояҳои муҳими давлатдории муосири Тоҷикистон мебошад.

Ҳифз ва рушди забони давлатӣ вазифаи танҳо омӯзгорон, забоншиносон ё адибон нест. Ҳар як корманди мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти худро дорад. Хусусан кормандони ҳокимияти судӣ, ки ҳамарӯза бо қонун, санадҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон сару кор доранд, бояд дар истифодаи забони давлатӣ намунаи фарҳанги баланди касбӣ бошанд.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд:             Муъминзода Фирӯза