Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 5-уми октябр расман таҷлил карда мешавад. Ин сана яке аз ҷашнҳои муҳимми миллӣ буда, рамзи ҳувият, соҳибистиқлолӣ ва пойдории давлатдории тоҷикон аст. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рў, дар моддаи 2 Конститутсия муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад.
Дар ҳар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 21 июли соли 2009 зикр намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Яъне китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.
Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориёнто Сомониён» (2006), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», (2006).
Дар ин радиф, махсусан асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, оид ба рушду такомули минбаъдаи он пайваста андешаронӣ мекунанд.
Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои навтарини забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардида, аз лиҳози сабку ҷо баҷогузории мавод ва тарзи пешниҳод аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Мутафаккири бузург А. Волтер гуфтааст: «Барои аз худ намудани як забон шаш сол кофӣ аст, аммо барои аз худ намудани забони модарӣ як умр кам аст». Ин аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои оламшумули ҷаҳонӣ буда, тули ҳастии хеш дар марҳилаҳои гуногуни таърих халқи тоҷик тавонист бо забони нобӣ худ гуфтугӯ кунад, шеърҳо эҷод намояд, қиссаю достонҳо нависад ва фарҳанги миллии худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт кунад. Забон ҳамчун мафҳуми марказии илмҳои забоншиносӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати тамаддунӣ аз доираи маҳдуди забонӣ берун баромада, ба категорияи универсалӣ табдил ёфтааст. Табиист, ки дар равияҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ сиёсатшиносӣ, геополитика, муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия, равоншиносӣ, таърих, фалсафа ва ғайра бе ягон шакку шубҳа метавонанд категорияи забонро хамчун категорияи байни илмӣ ё умумӣ илмӣ дар чаҳорчӯбаи мавзуъҳои таҳқиқотии худ истифода намоянд.
Дар баробари ин, мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рўдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, ва садҳо нафари дигар сухан гуфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.
Дар робита ба ин ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.
Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд Олимиён Т.Б.