Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ ва бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, миллати тоҷикро ба рушди устувории иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин ҳаёти озодона ва олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии инсонӣ расонид.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва оромии ҷомеа тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.
Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.
35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба Шумо солимиву зиндагии осуда ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзӯ менамоям.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборак!
Раиси Суди иқтисодии
вилояти Суғд Мирзозода П.Т.