Вусъати корҳои ободонӣ – омили таҳкимбахши суботи ҷомеа

Posted by

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то арзишҳои миллии худро эҳё ва таҳким бахшад. Дар ин раванд, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Маҳз тавассути эҳёи забони давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ, суннатҳои фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ пояҳои давлатдории миллӣ қавӣ гардиданд.

Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки зимни ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 сурат гирифт, марҳилаи муҳими татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими пояҳои маънавию идеологии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин ташаббуси наҷиб, роҳандозӣ намудани ҳамоишҳои гуногуни сиёсиву маърифатӣ ва маънавӣ, аз ҷумлаи омилҳои зарурӣ маҳсуб меёбанд, ки ба татбиқи ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҷумҳурӣ, тақвияти ҳисси ватандўстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд.

Тавре Роҳбари давлат дар ин паёмашон иброз намуданд, «…то рўзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем».

Дарвоқеъ, дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба самти меҳварии сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ метавонанд ҷомеаро аз таъсири андешаҳои ифротӣ, таблиғоти ғаразнок, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар таҳдидҳои идеологию фарҳангии замони муосир эмин нигоҳ доранд.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи муҳим буда, ҷамъбасти роҳи пуршарафи тайкардаи миллати тоҷикро дар ин давраи таърихӣ нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аҳаммияти хосса касб мекунад. Далели равшан он аст, ки мардуми бунёдгари тоҷик бо эҳсоси баланди худшиносӣ дар партави сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, аз хонаю дари худ сар карда, то корҳои ҷамъиятӣ дар масъалаи вусъат додани корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.

Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрўза муттаҳид гардидани ҷомеа дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба марзу буми Ватан, гиромидошти арзишҳои миллию соҳибдавлатӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои касбӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир мебошанд.

Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ бошад, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ омили муҳимми таҳкими суботи ҷомеа ва болоравии некўаҳволии мардум мебошад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳар иншооти нав на танҳо мушкилоти инфрасохториро ҳал мекунад, балки руҳияи мардумро боло бурда, эътимод ба фардои некро дар ботини онҳо тақвият медиҳад.

Воқеан ҳам, ҷоиз ба зикри хос аст, ки Истиқлоли сиёсию давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгонамон аҳамияти махсус диҳем ва ҳисси худшиносии миллиро тақвият бахшем. Маҳз дар замони муосир насли бомаърифат, босавод, бофарҳангу дониш ва худшиносу худогоҳ метавонад дар муқобили муаммову таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намуда, барои пойдории Ватан ва бақои миллат мубориза барад. «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидани соли 2026 низ, талаботи замони муосир мебошад.

Бо ин ҳол қайд кардан зарур аст, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ омили муҳими пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа ҳисоб меёбад. Яъне, миллате, ки таъриху фарҳангу забон ва дигар арзишҳои миллии худро мешиносаду эҳтиром мекунад, дар раванди имрўзаи ҷаҳонишавӣ метавонад мавқеи худро устуворона ҳифз намояд. Ин аст, ки худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба хотираи таърихии миллат яке аз шартҳои асосии ҳифзи ваҳдат ва соҳибихтиёрии мамлакат аст. Миллате, ки ба гузаштагонаш арҷ мегузорад ва панди онҳоро сармашқи кораш мекунад, дар тамоми арсаҳои ҳаёт муваффақ мегардад.

Дар замони ҳозира, тавре таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ва таълимоти илмҳои сиёсию ҷомеашиносӣ нишон медиҳад, дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҳар ҷомеа омилҳое заруранд, ки ба амнияти дохилӣ ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат кунанд. Ин омилҳо аз ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, иқтидори иқтисодиёти давлат, идоракунии бонизоми давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, Артиши миллии пуриқтидор, илму маорифи пешрафта, фарҳанг ва худшиносии миллӣ иборатанд. Табиист ки ин омилҳо яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин замина, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худогоҳиву худшиносии миллӣ омили асосӣ мебошад.

Бо назардошти муҳиммияти масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда, 4 майи соли равон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд.

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ки имрўз дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо идома пайдо кардааст, барои эҷоди тафаккури навини миллӣ заминаи устувор фароҳам оварда, дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ягонагии сарнавишти миллат ва ваҳдату ягонагии миллӣ ба сифати шоҳсутуни пойдории озодиву истиқлоли тоҷикон қарор хоҳад гирифт. Ин бори дигар собит месозад, ки танҳо ҷомеае, ки ба дарки худшиносии миллӣ расидааст, асолати миллиашро ҳифз карда метавонад.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                   Давлатзода Толиб Шариф