Парвандаи № 1- /2026
ҲАЛНОМА
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
15-уми майи соли 2026 шаҳри Хуҷанд
Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Эмомализода Н.Э. бо котибии Муъминзода Ф. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаро бо даъвои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани маблағи пардохти ҳатмӣ ба андозаи 73 912,90 сомонӣ, бо иштироки тарафҳо баррасӣ намуда,
МУАЙЯН КАРД:
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо аризаи даъвогии дар боло зикршуда, ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намуда, бо назардошти ваҷҳу асосҳои дар он овардашуда аз суд хоҳиш намудааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич маблағи пардохти ҳатмӣ ба андозаи 73 912,90 сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шавад.
Дар маҷлиси судӣ намояндаи ваколатдори ҷавобгар КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич Қодиров А. Қодиров А. даъворо дар шакли хаттӣ эътироф карда, қайд намудааст, ки аз ҷониби онҳо қисми маблағи мазкур дар давоми солҳои 2022-2025 дар ҳаҷми 60 115 сомонӣ пардохт карда шуда, аз ҳисоби маблағи талабот маблағи қарз ба андозаи 13 797,90 сомонӣ, боқӣ мондааст. Бо назардошти қисман пардохт намудани маблағи талаботи аз суд хоҳиш намуд, ки даъво дар қисми маблағи боқимонда 13 797,90 сомонӣ қонеъ карда шавад. Аризаи мазкур ба маводҳои парванда замима гардида, баромади эътирофи талаби даъво дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда шудааст.
Намояндаи даъвогар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Раҳматов И. дар маҷлиси судӣ иштирок намуда, даъворо дастгирӣ намуда, бо назардошти қисман пардохт намудани маблағи пардохти ҳатмӣ тибқи расидҳо ва аз ҷониби онҳо тартиб дода шудани санади муқоисавӣ аз 31 декабри соли 2025 оид ба ҳолати қарздорӣ то 1 январи соли 2025 маблағи қарзи ҷавобгар дар ҳақиқат 13 797,90 сомониро ташкил медодааст. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намуд, ки талаботи даъво дар қисми 13 797,90 сомонӣ қонеъ карда шавад.
Намояндагони ҷавобгар КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич Қодиров А. ва Норматова Ҷ.Х. дар маҷлиси судӣ иштирок намуда, даъворо ба пуррагӣ эътироф намуда, қайд карданд, ки онҳо маблағи талаботи даъворо қисман дар ҳаҷми 60 115 сомонӣ пардохт карда, аз ҳисоби маблағи талабот маблағи қарз ба андозаи 13 797,90 сомонӣ, боқӣ мондааст. Дар қисми боқимонда аз суд хоҳиш намуданд, ки даъво қонеъ карда шавад.
Суд баёноти намояндагони тарафҳоро шунида, эътирофи намояндаи ҷавобгарро мавриди муҳокима қарор дода, маводҳои парвандаро муҳокима намуда ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, бо асосҳои зерин қисман қонеъ намудани даъворо лозим шуморид.
Тибқи моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷудбуда асос меёбад.
Мувофиқи қисмҳои 2-4, моддаи 20 ҚҶТ “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” , пардохти маблағҳо барои расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист дар мавридҳои зерин ситонида мешавад: – барои партофтан, ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист дар доираи лимиту квотаҳои муқарраршуда; – барои аз лимит ва квотаҳои мукарраршуда зиёд партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист.
Тартиби ҳисоб ва татбиқ кардани меъёри пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зистро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Пардохти маблағҳои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсир ба муҳити зист истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ҷуброни товони зарарҳои ба муҳити зист расонидашуда озод намекунад.
Тибқи моддаи 50 ҚҶТ “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, маблағи пардохт аз ҷониби пардохтсупорандагон мустақилона бо дарназардошти ҳаҷми воқеии ифлоскунии муҳити табиии зист ва меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, на дертар аз санаи 20-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ситонида мешавад. Пардохт ба буҷет дар маҳалли ҷойгиршавии манбаи (объекти) ифлоскунии муҳити табиии зист, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда нишон дода шудааст, супорида мешавад, ба истиснои объектҳои сайёри ифлоскунанда, ки барои онҳо пардохт дар ҷойи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон аз ҷониби мақомоти ваколатдор, сурат мегирад.
Муайян карда шуд, ки тибқи ҳисоби маблағи пардохти муҳити зист барои ифлос намудани муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ ба ҷавобгар тибқи Нишондоди методӣ дар бораи ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист (Душанбе 2020) ва дар асоси маълумотномаи КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич аз 11 ноябри соли 2025 таҳти №114 ҳисоб карда шуда, ҳамагӣ андозаи пардохти экологӣ солҳои 2022-2024, 73 912,90 сомониро ташкил додааст.
Даъвогар ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки пардохти экологӣ ба андозаи 73 912,90 аз ҳисоби ҷавобгар рӯёнида шавад.
Намояндагони ҷавобгар дар маҷлиси судӣ талаби даъворо эътироф намуда, қайд карданд, ки қисми маблағи талабот дар ҳаҷми 60 115 сомонӣ пардохт карда шуда, аз ҳисоби маблағи талабот маблағи қарз ба андозаи 13 797,90 сомонӣ, боқӣ мондааст. Вобаста ба пардохти маблагӣ мазкур расидҳои пардохт пешниҳод намудааст. Аризаи эътирофии мазкур ба маводҳои парванда замима гардида, баромади эътирофи талаби даъво дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда шудааст.
Мувофиқи муқаррароти қисми 3 моддаи 48-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парванда дар суди иқтисодӣ дар ҳама марҳилаҳои он ҷавобгар ҳуқуқ дорад даъворо пурра ё қисман эътироф кунад ва мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 69 Кодекси мазкур, аз ҷониби яке аз тарафҳо эътироф кардани ҳолатҳое, ки тарафи дигар талаботи худро асоснок мекунад, тарафи дигарро аз исбот кардани ин ҳолатҳо озод менамояд.
Бо назардошти қисми 6 моддаи 168-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми даъворо эътироф намудани ҷавобгар дар қисми асосноккунии ҳалнома, инчунин оид ба эътирофи даъво аз ҷониби ҷавобгар ва аз ҷониби суд қабул гардидани он метавонад дарҷ гардад.
Муайян карда шуд, ки байни тарафҳо санади муқоисавӣ ва ҳисоббарорнамоӣ аз 31 декабри соли 2025 ба имзои роҳбару сармуҳосиб ва бо муҳри идораҳои дахлдор тасдиқ карда шудааст, тибқи он маблағи пардохти экологӣ барои солҳои 2022-2024 маблағи 73 912,90 сомониро ташкил дода, аз ин маблағи ҷавобгар дар соли 2022 10 215 сомонӣ, дар соли 2023 – 19000 сомонӣ, дар соли 2024 – 2900 сомонӣ ва дар соли 2025 аз ҳисоби қарзи солҳои қаблӣ маблағи 28 000 сомонӣ, дар маҷмуъ 60 115 сомонӣ пардохт карда шудааст. Ҷавобгар дар назди даъвогар ба ҳолати 1 январи соли 2025 13 797,90 сомонӣ қарздор мондааст. Оид ба пардохти маблағҳои мазкур супоришномаҳои пулӣ аз ҷониби ҷавобгар пурра пешниҳод карда шудааст.
Дар маҷмуъ, аз муҳокима ва баҳодиҳии маводҳои парванда, эътирофи ҷавобгар ва санади муқоисавӣ ва ҳисоббарорнамоӣ аз 31 декабри соли 2025 муайян карда шуд, ки уҳдадориҳои ҷавобгар оид ба пардохти маблағи пардохти экологӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025, ки тибқи он қарзи ҷавобгар 73 912,90 сомониро ташкил додааст, қисми 60 115 сомонӣ пардохтшуда аз он ба андозаи 13 797,90 боқӣ мондааст. Инчунин ҳолати мазкур бо муқарраротҳои ҚҶТ “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва ҚҶТ “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, инчунин Нишондоди методӣ дар бораи ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист, асоснок карда мешавад.
Аз ин рӯ, суд бо назардошти асос ва далелҳои дар боло овардашуда, лозим шуморид, ки даъворо қисман қонеъ намояд.
Суд масъалаи рӯёнидани боҷи давлатиро тибқи талаботи қисми 1, моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуда, лозим шуморид, ки онро дар қисми радшуда аз ҳисоби даъвогар ва дар қисми қонеъшуда аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи давлат рӯёнад.
Бо дастрасии моддаҳои 69, 109, 165, 168 ва 174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-
ҲАЛ КАРД:
Даъвои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани маблағи пардохти ҳатмӣ ба андозаи 73 912,90 сомонӣ, қисман қонеъ карда шавад.
Аз ҳисоби КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич ба манфиати давлат маблағи пардохти ҳатмӣ ба андозаи маблағи 13 797,90 сомонӣ, рӯёнида шавад.
Аз ҳисоби КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич ба фоидаи давлат маблағи 296 сомонӣ боҷи давлатӣ, рӯёнида шавад.
Аз ҳисоби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба фоидаи давлат маблағи 1202,3 сомонӣ боҷи давлатӣ, рӯёнида шавад.
Талаботи даъво дар қисми 60 115 сомонӣ рад карда шавад.
Нисбат ба ҳалнома дар муҳлати як моҳ тавассути ҳамин суд ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
Раисикунанда: Эмомализода Н.Э.