ҲАЛНОМА

Posted by

ҲАЛНОМА

                     АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 13 январи соли 2026                                 шаҳри Хуҷанд                                                                                                                                                        

Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда судя: Ниёззода М. бо котибии Саидмуротов Т. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар бинои суди мазкур парвандаи таҳти №1-   /2026 доир бо аризаи даъвогии х.д.ф. бо ҷавобгарии А.Т. шахсони сеюм х.д.в. ва Ки.з. дар бораи бартараф намудани монеагии истифодаи заминро, бо иштироки намояндаи даъвогар А.Р., ҷавобгар А.Т., намояндаи ҷавобгар М.С. ва намояндаи х.д.в. баррасӣ намуда,-

М У А Й Я Н К А Р Д:

Х.д.Ф. бо аризаи даъвогии дар боло овардашуда ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат карда даъворо чунин асоснок кардааст, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 06.10.2025 сол таҳти №536 “Дар бораи азнавташкилшавии х.д.в. ба 7 адад хоҷагиҳои деҳқонии таъсисдодашуда мувофиқи замимаи 1 баҳри истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои х.д.в. қитъаи замин барои истифодаи якумраи меросӣ ҷудо карда шудааст.

Дар асоси қарори мазкур ба х.д.в. ба масоҳати умумии 76,77 га қитъаи замин, аз он ҷумла корами обӣ 0,90 га, корами лалмӣ 0,15 га, боғзор 0,18 га, чарогоҳ 49,50 га, зери об 0,06 га, зери роҳ 0,08 га ва дигар заминҳо 25,90 га барои истифодаи якумраи меросӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин дар асоси қарори мазкур ба х.д.ф. шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 28.12.2021 сол, таҳти №4219-4223 дода шудааст.

Ҷавобгар А.Т. бе ягон асос ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва иҷозати мақомоти дахлдор як қисми қитъаи замини ба х.д.ф. таалуқдоштаро худсарона аз худ намуда, истифода карда истодааст. Ҷавобгар намегузорад, ки хоҷагии деҳқонии мазкур қисми қитъаи замини худро мувофиқи мақсад истифода барад.

Аз суд хоҳиш кардааст, ки монеагии А.Т. вобаста ба истифодаи қитъаи замини х.д.ф. ба масоҳати умумии 0,55 га бо роҳи баргардонидани қитъаи замин ва кандани ниҳолҳо бартараф карда шавад.

Маҷлиси судӣ тибқи талаботи қисми 5 моддаи 155 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғоибии намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд ва Кумитаи идораи замин гузаронида шуд.   

Дар маҷлиси судӣ даъвогар А.Р. аризаи даъвогиро дастгирӣ карда, ба мазмуни он монанд баёнот дода аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи ҷавобгар М.С. аризаи даъвогиро эътироф накарда, баён намуд, ки шаҳрванд А.Т. қитъаи замини баҳсиро дар асоси шартномаи иҷора аз 21 марти соли 2015 то имрўз истифода бурда истода, дар он ниҳол шинонида боғ бунёд кардааст. Қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 06.10.2015 сол таҳти №536 “Дар бораи ташкили х.д.ф. ғайриқонунӣ буда, даъвои пешниҳодшуда беасос мебошад. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ рад карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ ҷавобгар А.Т. аризаи даъвогиро эътироф накарда, баён намуд, ки дар ҳақиқат ў ба масоҳати 1,50 га қитъаи замини К.Т. тариқи шартнома ба иҷора гирифта, қитъаи заминро обод ва дар он ниҳол шинонида, то имрўз истифода мебарад. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ рад карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи шахси сеюм х.д.в. вобаста ба аризаи даъвогӣ баён намуд, ки қитъаи замини баҳсӣ аз ҷониби хоҷагии деҳқонии мазкур дар асоси шартномаи иҷора аз соли 2015 ба А.Т. дода шуда, номбурда то имрўз онро истифода мебарад. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ дар доираи қонун ҳал карда шавад.

Суди иқтисодӣ талаботи арзшуда, маводҳои парвандаро мавриди му-ҳокима қарор дода, баёноти шахсони иштирокчии парвандаро шунида, мувофиқи моддаи 70 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далелҳои дар парванда буда бо эътиқоди ботинӣ баҳо дода, мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамаҷониба, пурра, беғаразона қарор дода, бо асосҳои зерин ба хулоса омад, ки даъворо қонеъ намояд.

Мувофиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 4 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он институти ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ муқаррар карда шудааст, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардаст, муроҷиат намояд.

Тибқи талаботи моддаи 47 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 06.10.2015 сол, таҳти №536 ба А.Р. барои ташкили х.д.ф. ба масоҳати умумии 76,77 га қитъаи замин, аз он 0,90 га корами обӣ, 0,15 га лалмӣ, 0,18 га боғзор, 49,50 га чарогоҳ, 0,06 га зери об, 0,08 га зери роҳ ва 25,90 га дигар заминҳо бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ ҷудо гардида, ба хоҷагии деҳқонии мазкур шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 28 декабри соли 2021, таҳти №4219 дода шудааст.

Даъвогар бо асосҳои дар аризааш овардашуда талаб дорад, ки монеагии аз ҷониби ҷавобгар А.Т. вобаста ба истифодаи қитъаи замини ў ба масоҳати 0,55 га эҷодгардида, бартараф карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ аз хулосаи ташхис ва маълумотномаи Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент бармеояд, ки қитъаи замини баҳсӣ ба масоҳати 0,55 га, аз он 0,35 га корами обӣ, 0,18 га боғзор ва 0,02 га зери роҳро ташкил дода, дар қитъаи 4, тарҳи 83 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК “Зарафшон” ифода ёфта, дар асоси қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 06.10.2015 сол таҳти №536 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 28 декабри соли 2021, таҳти №4219 ба даъвогар х.д.ф. таалуқ дошта, аз ҷониби ҷавобгар А.Т. худсарона истифода карда шуда истодааст. Ҳолати монеа эҷод кардани А.Т. низ бо баёноти худи ҷавобгар А.Т. тасдиқи худро ёфтааст.   

Дар маҷлиси судӣ ҷавобгар ваҷҳ овардааст, ки қитъаи замини баҳсӣ дар асоси шартномаи иҷора аз 21 марти соли 2015 аз ҷониби ў мавриди истифода қарор дошта, дар он ниҳол шинонда, боғ бунёд кардааст.

Суд ваҷҳи мазкурро мавриди муҳокима қарор дода бо асосҳои зерин қобили қабул наҳисобид. 

Аз шартномаи иҷора аз 21 марти соли 2015 дида мешавад, ки он байни х.д.в. ва шаҳрванд А.Т. ба муҳлати бист сол баста шуда, ба масоҳати 1,50 га замини корами обӣ ба А.Т. ба иҷора дода шудааст.

Мувофиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 192 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистонаҳди беэътибор, ба истиснои оқибате, ки бо беэътибории он алоқаманд аст, боиси оқибати ҳуқуқӣ намегардад ва аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад. (КГ таҳрири соли 1999)

Мувофиқи талаботи моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ мекунад шартномаи иҷора мебошад ва шартномаи иҷора бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мувофиқи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» амалӣ карда мешавад.

Аз шартномаи иҷораи замин бармеояд, ки қитъаи замини ба иҷора додашуда мутобиқи муқаррароти қонун ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст, ки дар чунин маврид эътибори ҳуқуқӣ надорад.

Суд дигар ваҷҳҳои ҷавобгарро низ мавриди муҳокима қарор дода, бо дарназардошти ҳолатҳои дар боло овардашуда, қобили қабул наҳисобид. 

Мувофиқи муқаррароти банди “б” моддаи 50 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он барқарор кардани ҳуқуқи вайроншуда оид ба замин муқаррар карда шудааст, ҳуқуқи вайроншуда дар мавриди худсарона ишғол намудани қитъаи замин, барқарор карда мешавад.

Ҳамин тариқ суд бо дарназардошти ҳолатҳои дар боло овардашуда ба хулоса омад, ки аризаи даъвогӣ қонеъ гардонида шуда, монеагии ҷавобгар А.Т. вобаста ба истифодаи қитъаи замини х.д.ф. ба масоҳати умумии 0,55 га, аз он 0,35 корами обӣ, 0,18 га боғзор ва 0,02 га зери об дар қитъаи 4 тарҳи 83 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК “Зарафшон”, бо роҳи баргардонидани қитъаи замин ва кандани ниҳолҳо дар ин қитъаи замин бартараф карда шавад.

Суди иқтисодӣ мувофиқи муқаррароти моддаи 109 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи хароҷоти судиро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки ба зиммаи ҷавобгар вогузор намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 109, 165-169, ва 174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-    

                ҲАЛ КАРД:

Аризаи даъвогии х.д.ф. бо ҷавобгарии А.Т., шахсони сеюм х.д.в. ва К.и.з. дар бораи бартараф намудани монеагии истифодаи замин қонеъ карда шавад.

Монеагии А.Т. вобаста ба истифодаи қитъаи замини х.д.ф. ба масоҳати умумии 0,55 га аз он 0,35 корами обӣ, 0,18 га боғзор ва 0,02 га зери об дар қитъаи 4 тарҳи 83 бо роҳи баргардонидани қитъаи замин ва кандани ниҳолҳо дар ин қитъаи замин бартараф карда шавад.

Аз ҳисоби А.Т. ба фоидаи х.д. маблағи боҷи давлатии пардохтгардида ба маблағи 300 сомонӣ руёнида шавад.      

Нисбати ҳалномаи мазкур дар муддати як моҳ ба суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намудан мумкин аст.

         Раисикунанда                                               Ниёззода М.