Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишварамон Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, занонро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа пазируфта, дар ҳама самтҳо дастгирӣ менамоянд.
Таваҷҷуҳи хоса нисбати зан, боварию эътимод ба дониш, истеъдод, қобилияти зан ва мақому эҳтироми ӯ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳаёти имрӯза бозгуйи ин гуфтаҳост: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”. “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳимро дошт ва дар ҷои намоён хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки зан соҳиби маълумот ва соҳибмаърифат аст, фарзандонаш ҳам бо маълумоту бо маърифат мешаванд.
Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии давру замон буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора Саъдии Шерозӣ гуфтааст:
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Дар пайравии ҳамин гуфтор устод Мирзо Турсунзода ҳам гуфтааст:
Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳаким Фирдавсӣ нақши занонро дар “Шоҳнома” бо дигар образҳои асар дар донишу ҷасорат ва зебоӣ дар як поя мегузорад:
Ба се чиз занонро бувад меҳӣ,
Ки бошанд зебои тахти меҳӣ.
Яке он, ки бошарму бохостаст,
Ки ҷуфташ бад-ӯ хона оростаст.
Дигар он, ки фаррухписар зояд ӯй,
Зи шӯйи хуҷаста бияфзояд ӯй.
Саввум он, ки болову рӯяш бувад,
Ба пӯшидагӣ низ мӯяш бувад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ гардидааст, ки дар муддати на чандон зиёди таърихӣ бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ, моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.
Имрӯз зан-модари тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, ахлоқи ҳамида, тарбия, бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад.
Раиси Суди иқтисодии
вилоятиСуғд Мирзозода П.Т.