Вохӯрии судманд бо кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Деваштич

Posted by

Санаи 14-уми апрели соли 2026 аз ҷониби судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А., ва корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд Мухитдинова М.Х. дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич бо кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Деваштич суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин суҳбату вохӯрӣ оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақши занон дар ҷомеа мулоқот анҷом дода шуд.