Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон бошад, ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Ҳолатҳои ҳаёти ва васоити ахбори омма нишон медиҳанд, ки коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Воқеан коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1, 5, 10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амали намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар сархати 3-юми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасе барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расонида шавад.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабулшуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст. Яъне, соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд, ки минбаъд санадҳои ҳуқуқии мазкур қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шурўъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрўза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷумла, идораи махсус бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, № 374 таъсис дода шуда, айни замон бомаром фаъолият доранд.
Аз он ҷумла, ҷиҳати мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, № 1714 амал намудааст.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуқуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат се санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд. Сипас бо назардошти гузаштани муҳлати амали Стратегияҳои номбурда, айни замон дар мамлакат, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул карда шудааст.
Ҳамчунин бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
Дар маҷмуъ, қонунгузорӣ, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Роҳбари давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.
Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рўзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.
Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти маънавию ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.
Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад.
Яке аз муҳимтарин самтҳои муқовимат бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Қобили қайд аст, ки баъди Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шуд, ин номгӯи ҷиноятҳо дар қисми 7 ва 8 моддаи 161-и Кодекси мазкур, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ном дорад мустаҳкам карда шудаанд ва тибқи он 49 моддаҳои дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардидаро ташкил медод. Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз моддаҳои нав дохил карда шудаанд. Бояд гуфт, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фасл ё боби махсуси ба ҷиноятҳои коррупсионӣ бахшидашуда надорад. Ин ҷиноятҳо дар таркиби фаслу бобҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд. Муайян намудани доираи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо дарназардошти мавҷудияти нишонаҳои коррупсия дар кирдори мушаххас анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин дар кишвар Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, № 506, тасдиқ шуда, аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дорад.
Айни замон баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли ҷорӣ боз моддаҳои нав дохил карда шуд, ки ҳоло ин номгӯи ҷиноятҳо 52 ададро ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла, ба гурўҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта моддаҳои зерини бобҳои 26, 27, 30, 32 ва 33 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки зимни ҳалли масъалаи ҳамчун ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҳисобот дохилкунии онҳо бояд мавқеи мансабии шахс, ваколатҳои ў, амалҳои ғайриқонуни иҷронамудаи ў ба манфиати худ ва дигарон, инчунин аломатҳои дигари таркиби ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ба назар гирифта шаванд.
Ҳолатҳои боло шаҳодати онро медиҳанд, ки мубориза дар ин самт аз диққати ҳамарузаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ холӣ нест.
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти хафноки ҷамиятӣ, таърихи дурудароз ба мисли инсониятро доро мебошад, ки ин гуфтаҳои болоро нишондодҳои таърихи шаҳодат медиҳанд. Тавре маълум аст таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик бо ҳуқуқи мусулмонӣ ва яке аз ёдгориҳои таърихи Авесто алоқаи зич дорад. Вобаста ба коррупсия дар яке аз аввалин ёдгориҳои таърихи халқи тоҷик Авесто мисолҳо оварда шудаанд.
Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки коррупсия таърихи дурудароз дошта, он бо истилоҳҳои гуногун баён шуда оид ба ин амали зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода шудаанд, ки онҳо то ҳадди имкон барои аз байн бардоштани ин омили номатлуб мусоидат менамоянд.
Новобаста ба он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ҷиҳати решакан намудани ин омили номатлуб заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалиро ба роҳ мондааст, то ҳол баъзе омилҳои ин зуҳурот боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, мо хизматчини давлатӣ уҳдадорем, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар миёни мардум, ҷаҳонбинии ҳуқуқии онҳоро баланд бардошта, барои паст кардани сатҳи ин зуҳурот саҳмгузор бошем.
Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову Шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии бевосита дорад.
Мо уҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа реша давонад. Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои муқовиммат бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд пеш аз ҳама чораҳои пешгирии он ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда нақши басо муҳим мебозанд.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Навруз