Бобоҷон Ғафуров – дар ҳар хонадон ва вирди забонҳо

Posted by

18-уми декабри соли 2023 Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои ИҶШС, муаллифи шоҳасари безаволи «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров 115-сола шуд. Ба ифтихори ин санаи бузург дар тамоми гӯшаю канори мамлакат чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд, ки далел аз муҳаббати мардум ба ин абармарди илм ва сиёсат аст.

Дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ки 5-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи «Академик Бобоҷон Ғафуров – муаррифгари беҳамтои миллат» суханронӣ намуданд. Чунин арҷгузорӣ ва гироми­дошти бузургони миллат, мисли аллома Бобоҷон Ғафуров, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи ин абармарди сиёсат қарор гирифтааст. Ҷойгоҳи аллома Бобоҷон Ғафу­ров бо таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои Президенти ҷумҳурӣ дар мамлакат ва берун аз он рӯз ба рӯз баландтар мегардад.

Дар солҳои аввали баъдиҷангӣ хоҷагии ба номи Молотови вилояти Сталинобод дар соҳаи пахтакорӣ машҳур гардида буд. Сарварии ин хоҷагиро устоди пахта Самеъ Зоиров ба уҳда дошт. Писари ӯ, сокини маҳаллаи «Роҳи нав»-и пойтахт Ҳоҷӣ Абдусаид он айёмро ба хотир оварда изҳор дошт, ки сабаби асосии пешравии ҷумҳурии мо дар он солҳо роҳбарии Бобоҷон Ғафуров будааст ва бо хушнудӣ илова намуд:

– Рӯзе шоҳиди ҳолате гаштам. Кӯдакон бо «мактаб­бозӣ» сатҳи дониши ҳамдигарро месанҷиданд. Духтарчае аз ҷой бархосту гуфт: — Номи Қаҳрамонҳои Тоҷикистон?

Ҳамоно чанд даст боло шуд.

– Садриддин Айнӣ, — ҷавоб дод духтараки аввал.

– Бобоҷон Ғафуров, — гуфт дуюмӣ.

– Эмомалӣ Раҳмон, — зуд ҷавоб дод писараке. Номҳои Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум садо доданд. Маро хуш омад, ки кӯдакон бузургони миллатамонро медонанд ва ба онҳо ба таври худ ифтихор мекунанд. Хуштар аз он будам, ки номи аллома Бобоҷон Ғафуров аз овони тифлӣ маро ошносту мардуми огаҳ то имрӯз ҳавлии мо, маҳалла ва чойхонаи онро қадамҷои ин бузургмард медонанд.

Ҳоҷӣ Абдусаид худ аллома Бобоҷон Ғафуровро надидааст. Аз он нафароне, ки чунин бахт насиб гардидааст, имрӯз қариб касе намонда. Моро насиб гардида буд бо ашхосе, ки Бобоҷон Ғафуровро дидаанд, чанд суҳбат дошта бошем. Суҳбати хотирмон соли 2008, рӯзи баргузории озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» дар чойхонаи «Киропол» сурат гирифта буд. Он рӯз пиру барнои маҳалла дар ин чойхона ҷамъ омада буданд.

 Бояд зикр намуд, ки аксари сокинони аввалини ин маҳалла аз деҳаи Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан муҳоҷир шуда ба ин ҷо омадаанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар симпозиуми байналмилалӣ изҳор доштанд: «Бобоҷон Ғафуров зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ, пеш аз ҳама, тараққиёти минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва иттиҳоду ягонагии мардуми тоҷикро дар меҳвари фаъолияти роҳбарии худ қарор дода буд».

– Дар ҳамин чойхона Бобоҷон Ғафуров чандин маротиба вохӯрӣ ва ҷаласаҳо гузаронидаанд, — дар он чорабинӣ гуфта буд собиқ раиси маҳалла шодравон Ҳоҷӣ Ҷӯрахон. — Рӯзҳое, ки устод ба маҳалла меомадаанд, ба ид табдил меёфтааст. Сокинони маҳалла ҳама барои дидан ва шунидани устод ба чойхона мешитофтаанд. Устод самимона суҳбат мекардаанд. Аз мушкилиҳо ва дарди дили халқ огаҳ будаанд. Бинобар ин, аксар мӯйсафедони маҳалла устодро мешинохтанд ва эҳтиром мегузоштанд. Бобоҷон Ғафуров бо раиси хоҷагӣ Самеъ Зоиров дӯстӣ ҳам доштаанду оши туппаи кадбону ва пазандаи камназир — ҳамсари он кас холаи Латофатро, ки оши туппаи модарашонро ба ёд меовард, дӯст медоштаанд.

– Модарам бо ифтихор нақл мекарданд, ки вақте Бобоҷон Ғафуровро хумори модарашон ва оши туппаи он кас мегирифтааст, ба падарам занг зада хоҳиш мекардаанд, ки «модара гӯед, як туппа кунанд, ман меравам»,- мегӯяд Ҳоҷӣ Абдусаид, — Амакам, Қаҳрамони меҳнат ва устоди пахта Алӣ Зоиров низ аз он айём зиёд ёд мекарданд. Борҳо таъкид менамуданд, ки дар рафтору муносибати Бобоҷон Ғафуров ягон зарра такаббур ё худситоиро эҳсос накардаанд. Бо бузургон бародаронаю бо ҷавонон падарона суҳбат менамудаанд.

Модарам ба ёд меоварданд, ки устод оши туппаро мехӯрдаанду ба ягон ғизои дигар даст дароз накарда, бо миннатдорӣ аз сари дастурхон мехестаанд, ки «кори давлат»…

Аз он айём солҳои зиёд сипарӣ гардиданд ва шояд замоне хотираҳои он рӯзҳо аз ёдҳо зудуда мегардад. Фақат аҳли қалам қодир аст хотираҳои ин алломарро зинда гардонад. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони Тоҷикистон ройгон тақдим намудани китоби «Тоҷикон», ҳамчунин, бо ибтикори Пешвои миллат баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ин хотираҳоро аз нав зинда гардонд ва имрӯз дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон, дар ҳар хонадон ва аз забони ҳар сокини мамлакат номи Бобоҷон Ғафуровро шунидан мумкин аст. Ба қавли шодравон Лоиқ Шералӣ:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

«Садои мардум»