БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Posted by

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, Паём ҳамчун пешбаранда ва инкишофдиҳандаи ҷомеа баромад менамояд. Дар ин асно, ҷиҳати амалӣ ва татбиқ намудани нақшаву вазифаҳои гузошташуда барои имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама барои ҷонноку тақвият бахшидани тамоми сохторҳои давлатӣ, инчунин мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин санаи 28 декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ дар бораи “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мазмуну моҳияти баланд дошта, дар он андешавҳои тоза, ғояҳои баландпояи пурмазмун замина ёфтааст, ки қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Паёми худ Сарвари давлат роҷеъ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбият намудани кадрҳои кордону поквиҷдон, беҳтар намудани сатҳи некуаҳолии кишвар,ҷалб намудан ба китобу китобхонӣ, бархурдор шудани донишомӯзон аз илмҳои муосир, донистани забонҳои хориҷӣ, баромадҳои бештар дар арсаи байналмилалӣ, тақвият додани сохторҳои гуногун, ҷоннок намудани идоракунии давлатӣ, дар ниҳодҳои калидӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳимро баён доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар меҳвари Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба механизму меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани он тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо калидӣ ва рамзӣ арзёбӣ мегардад. Чунки, бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30 солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Ҳамчунин санаи 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” қабул гардид, ки тибқи он соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Ба андешаи Сарвари давлат, Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст. Воқеан ҳам, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли ҷорӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсия, сараввалан баёнгари он аст, ки давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ диққати асосӣ медиҳанд.

Зимнан, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифаи ҳуқуқӣ “ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузошта, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. “Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад”, — гуфтааст Пешвои миллат.

Ҳамин тариқ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар зери маркази таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии мардум барои огоҳӣ ёфтан аз ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои конститутсионӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо аҳамияти муҳим дорад. Донистани мазмуну муҳтавои Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, дар доираи иқдомҳои Сарвари давлат минбаъд барои боз ҳам баланд гардидани дониши ҳуқуқии хонандагон, донишҷӯён ва умуман шаҳрвандони мамлакат заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                                                         Ҳасанзода Ҷамолиддин