СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» -ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Posted by

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун барномаи мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи моро дар соли 2023 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Тибқи муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин аст, ки яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳида қабул кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 2024 сиюмин солгарди он таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Роҳбари Олии мамлакат боз ҳам дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботҳои қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир дорад.

Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Аз ин рӯ судяҳоро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба сомон расонида, вохурӣ ва маҷлисҳои сайёри судиро бо сокинони маҳал ва колективҳои меҳнат ба маротиб зиёд намоем. Зимнан ҳар як даъвату ҳидоятҳои Сарвари давлат пеш аз ҳама ин роҳнамои ба суи рузгори ободу осоишта ва босаодату ба маърифатии мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

    Судяи Суди

    иқтисодии вилояти Суғд                                                                           Ниёззода М.