Маҷлиси ҳафтаинаи суд

Posted by

Санаи 30 январи соли 2024 дар Суди иқтисоди вилояти Суғд маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис баромад намуд.

Дар аввал китоби назорати интизоми меҳнат аз назар гузаронида шуда, оиди риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони суд ва судяҳо таъкид гардид.

Сипас ба судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ дастур дода шуд, ки ҳангоми таҳия намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ ва варақаҳои иҷро ба камбудиҳо роҳ надода, онҳоро бо риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ санҷида, ҷобаҷогузории пайдарҳамии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монда, парвандаҳоро сари вақт ба шуъбаи коргузорӣ ва назорат супоранд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар соли 2024 давом дода шавад. Сомонаҳои интернетиро мақсаднок истифода карда, аз пешравии давлатамон, баргузории озмунҳо, натиҷаи хуби варзишгарон ва корҳои ободонӣ бохабар бошанд. Дониши худро такмил дода, аз китобхонаи суд самаранок истифода карда, китобҳои соҳавӣ ва бадеиро аз худ кунанд.

Оид ба масъалаҳои корӣ дар ҳафтаи гузашта, судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ шунида шуданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияҳои давлатӣ, Барномаҳои давлатӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии намудани ҷавонон ба гуруҳҳои терорристиву экстромизтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, амалисозии соли маърифати ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла садо, симо, рӯзнома, сомона ва ғайраро ҷоннок намуда, ба баргузории нишасти матбуотӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 омодагӣ бинанд.

Дар охир ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз амалҳои коррупсиони худдорӣ намуда, дастуру пешниҳодҳои дар Паём ироа гардидаро сармашқи кори худ қарор дода, сидқан вазифаҳои худро иҷро намоянд ва 30-юумин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври сазовор пешвоз гиранд.