Пайёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рамзи истиқлолият ва инъикосгари рушди Тоҷикистон  мебошад – Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Суғд Сангов Шаҳриёр.

Posted by

Ҷаҳони муосир бо вазъияти хоси иҷтимоию фарҳангӣ тавсиф мешавад. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо намудани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Барои ҳар давлати соҳибистиқлол тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ зарурати бебаҳс дар замони пурталотуми имрӯза маҳсуб мешавад.

Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон- ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

         Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд.        

        Агар паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он — таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд.   

      Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.    

        Таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардад.

Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Бо ҳамин мақсад Президенти мамлакат иброз намуданд, ки «давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ якчанд иқдоми назаррас амалӣ гардид. Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».

Албатта, чунин сохтор баҳри тармим ва барқарорсозии мероси таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ барои ворид намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат ба рӯйхати ЮНЕСКО ва таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги ниёгон, муаррифии таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик ба ҷаҳони муосир такони хуб мебахшад.

Паёми соли 2023 аз паёмҳои пешина хеле фарқ менамуд ва ин вобаста аз он таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза мебошад, ки муносибатро ба сиёсати на танҳо беруна, балки дохилии ҷумҳурӣ пурра тағйир медиҳад. Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони бист соли пеш куллан фарқ менамояд. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин марҳилаи тақдирсоз Тоҷикистон тавонист асосҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  демократии худро, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд, нигоҳ дошта, сатҳи некуаҳволии халқ рӯз аз рӯз беҳтар шавад.

Аз ҳамин ҷиҳат Президенти ҷумҳурӣ дар паёмҳо доимо баланд бардоштани обрӯи илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2023 дарҷ шудааст, ки «рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  ҷиҳати идома додани чунин ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо, музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шавад.

Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо тавонистани хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем. Саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дониши худро васеъ намоем. Ҳар падару модар ва омӯзгор вазифадор аст, ки кӯдаки худро чунон тарбия намояд, ки хондани китобро дӯст дорад. Инчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёна аллакай хонандаро ба хондани китобҳои фалсафӣ бояд ҷалб намоем, зеро агар мо хоҳем, ки ҷаҳонбинии илмиро дастгирӣ намоем, яке аз роҳҳои ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ- ин фикрронии фалсафӣ ва мантиқӣ мебошад. Шахси соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ аз дунболи равияҳои ифротгаро намеравад. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар ҳама давру замон омӯзиш ва касби дониш садоқату матонат талаб менамояд ва тай кардани роҳи илм роҳи осон нест. Дониш боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ мегардад. Танҳо фалсафаю мантиқ роҳи маърифати ақлгароиро боз менамоянд.

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсия Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Давлати мо ҳуқуқбунёд аст ва мо бояд насли наврасро ба эҳтироми қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ, ҳамчун муҳимтарин хислатҳои инсон, ки дар ғамхорӣ дар бораи ободии мамлакати худ, таҳкими он зоҳир мегардад, тарбия ва муҳофизат намоем.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат пешниҳод мешавад.

Вақте ки сухан дар бораи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ меравад, бояд дарк намоем, ки Паём- ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлатро собит месозад. Агар истиқлолият муқаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Президенти ҷумҳурӣ низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда  бо қадамҳои устувор пеш меравад, ки заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.