МУЛОҚОТ ДОИР БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Posted by

Имрӯз ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд аз ҷониби муовини сардори Раёсат Солеҳзода Н.Ф., раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш. ва Ҳасанзода Ҷ.Х., корманди шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Н.М., иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд Исозода И.И. бо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, мулоқоти судманд анҷом доданд.

Нахуст, муовини сардори Раёсат Солеҳзода Н.Ф. мулоқотро ифтитоҳ намуда, дар бораи мубрамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат сухан намуда таъкид доштанд, ки  Паёми имсола фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон буда, асосан баҳри зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо маънои амиқу дақиқ ва тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Дониши ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсони муосир буда, донистани он ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат намояд.

Ҳамчунин, дар мулоқот ҷиҳати чил дар сад зиёд гардидани  музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз оғози соли ҷорӣ ва аз якуми июли соли равон чил дар сад зиёд намудани музди маоши кормандони буҷетӣ ва стипедияи донишҷӯён, сӣ дар сад зиёд намудани нафақаро яке аз нуктаҳои муҳими Паём арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи мулоқот, вобаста ба нуктаҳои муҳими Паём, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, волоияти қонун ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш. ва Ҳасанзода Ҷ.Х., корманди шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Н.М., иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд Исозода И.И. маърӯза намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.