Мавзуъ: муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҳамчун як барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаи тамоми қишрҳои ҷомеаро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои ҳаракати ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигар, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал кардани мамлакат нишон медиҳанд.

Паёми навбатии Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хољагии халқи кишвар рабт дошт.

Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат: пешрафти соҳаи саноат ва дар маҷмуъ иқтисодиёти миллӣ; рушди соҳаи бонкӣ; бо роҳи инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани хизматрасонӣ; боз ҳам беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳадафи стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ – таъмини пурра давлат бо энергия сабз; эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ; инкишофи соҳаи маориф; бунёди роҳҳо; ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ қарор доранд.

Аввалин маротиба ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шуданд. Инчунин маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот, кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шуданд.

Агар ба моҳияти Паём таваҷҷуҳ намоем, ба назар мерасад, ки Сарвари давлат асоси ҳамаи комёбиҳоро нахуст дар масъулиятшиносӣ мебинад. Аз ин рӯ, таъкид намуданд: “Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон хизмат кунем”.

Сарвари давлат мутмаинанд, ки “ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд”.

Дарки мафҳумҳое, ки барои пешрафти кишвар замина мегузоранд, ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба имрӯз ва ояндаи кишвари худ бепарво набошанд. Зеро “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.

Аз ин рӯ, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Омили асосӣ ва хеле муҳими пойдорӣ, устувории давлат ва кишвари азизи мо ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон аст. Зеро ин қарзи конститутсионӣ-шаҳрвандии мо ба шумор меравад. Инчунин дарунмояи ҳамаи паёмҳое, ки ҳар сол аз ҷониби Сарвари давлат ироа мегарданд, маҳз ҳамин омил аст. Дар Паёми имсола низ таъкид шуд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.

Бо назардошти сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки “соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”.

Соли маърифати ҳуқуқӣ ин идомаи мантиқии “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” ноябри соли 2019, № 599 мебошад.

Ҳамин тавр, ҳамаи ин пешниҳод, ташаббус ва супоришҳои мушаххасе, ки дар Паём матраҳ гардиданд, барномаи пешрафти кишвари мо дар оянда ба шумор мераванд. Зеро Сарвари давлат зимни таҳлили дастовардҳо ва камбудиҳои ҳар соҳаи ҳаётан муҳим роҳи тараққиёти мамлакатро дар оянда муайян намудаанд.

Дар охир, Сарвари давлат бо ҳисси боварии комил таъкид доштанд: “Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.

Аз ин рӯ, биёед бо боварии Сарвари давлат савозор бошем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон равона созем”.

Судяи Суди иқтисодии

 вилояти Суғд Эмомализода  Навруз Эмомалӣ