Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 – умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Дар иртибот ба ин бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод мегӯям. Таманно дорам, ки Парчами тоҷикон доимо партавафшон бошад!