Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Posted by

16 ноябри соли 2023 дар Қасри Арбоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, аҳли зиё ва шоирону адибон, воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиши идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аҳли толор ва сокинони шарафманди вилоятро ба муносибати​ Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддун, фарҳанги куҳанбунёди давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар ваҳдату суботи тамоми минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд.

Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон, маҳз ​ заҳмату талошҳои ҷоннисоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи қавӣ ва мавқеи устуворашон дар кишвар сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.

Бо рўзи нахуст, яъне оғози Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани ин санаи фархунда басо рамзӣ мебошад. Зеро дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар маҷмўъ барои рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом доданд.

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли тоҷику тоҷикистониён рўйдоди таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои ҷаҳони мутамаддин намунаи барҷастаи ватандориву хештаншиносӣ маҳсуб мегардад. Зеро хизматҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдату ягонагии давлати Тоҷикистон хеле бузург мебошад.

Баҳри чунин хидматҳои шоиста ва беназир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба унвони баланди «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва соли 2015 ба мақоми олии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сазовор дониста шуданд, ки ин ҳама эътибору эътирофи иродаи озодонаи халқ мебошад.

Дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватандўстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои дохилӣ пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд, нур бар зулмот ғалаба карда, мо ба сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидем.

Дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки ҷони худро сипар намуда, талош намуданд, то ки давлату миллатро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон асос гузоранд.

Дар даврони истиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кишвари азизамон – Тоҷикистон мавқеи хешро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра низ мустаҳкам сохта, доираи ҳамкориҳоро бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон фарохтар намуд ва бо назардошти манофеи миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳояшро таъмин кард.

Дар муддати 32-соли Истиқлоли давлатӣ мардуми кишвар ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва рисолати худро дар ҷаҳони муосир устувор намуда, ​ бо ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд.

Сокинони кишвари азизамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини раҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят ва ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид. Ҳунармандони мумтозу маъруф Давлатманд Холов, Шуҳрат Сайнаков, Таҳмина Ниёзова, Тулқин Тоҷибоев, Исроил Файзиддинов, Дилноза Каримова, Донишманд Қутбиддинов ва дигарон бо сурудҳои пурмазмуни худ дар васфи Ватан ба чорабинӣ шукуҳи хоса зам намуданд.

(Аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд)