Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Posted by

Анъана, урфу одат, ҷашну маросим рукни муҳими фарҳанги миллӣ мардумӣ буда, дар ҳар ҷомеаи озод ва демократӣ ногузирии ҳифзи рушдро мутобиқ ба манфиатҳои халқ ва давлат касб менамояд. 

Омӯзиши ташаккул ва таҳаввули ҷашну маросим ва анъанаҳо дар масири таърих имкон медиҳад, ки махсусияти низомҳои таърихии ҳуқуқӣ-ҳуқуқҳои одатӣ, анъанавӣ, динӣ ва ҳуқуқҳои воридшуда дуруст баҳогузорӣ гарданд. Ин омӯзиш ҳамзамон имкон медиҳад, ки ҳолат ва хусусиятҳои инкишофи шуури ҳуқуқии халқ, тасаввурот ва ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, қонуният ва хусусиятҳои инкишофи афкори ҳуқуқии халқи тоҷик бомаром муайян карда шаванд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои  гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст. Дар ин замина тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардиданд. То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.

Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯйу маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меравад.

Раиси Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                                     Мирзозода П.Т.