Маҷлиси фаъолони ноҳияи Спитамен

Posted by

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2023 маҷлиси фаъолони ноҳия доир гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Тоҳир иштирок намуданд. Темурҷон Нӯмонзода, раиси ноҳияи Спитамен маҷлисро ифтитоҳ бахшида, иттилоъ дод, ки дар доираи он тибқи рӯзнома «Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда» пешниҳод мешавад. Муовини Раиси ноҳия Насруллозода Ойбек Насрулло аз рӯи масъалаи мазкур баромад намуд. Иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи обуна ба матбуоти даврӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар идома муовинони раиси ноҳия – сарпарастони соҳаҳо Султонӣ Мамур, Раҳимӣ Дилрабо, Исломзода Баҳодур гузориш доданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Тоҳир суханронӣ намуда, ҷиҳати таҳкими фаъолият ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд. Бо вазифагузорӣ дар назди масъулин маҷлиси фаъолони ноҳия ҷамъбаст гардид.
 
(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)