ТАЪРИХИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Posted by

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар Аморати Бухоро 27 вилоят (бекигарӣ) амал мекард ва ба ҳар яке аз онҳо қозӣ аз тарафи амир таъин карда мешуд. Қозӣ дар асоси шариат корҳои маҳкамаро ба ҷо меовард. Ҳуқуқи додани мансабу унвони қозикалон, ду ноиби он ба амир таалуқ дошт.

Пас аз бо Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна бо дар назардошти урфу одатҳо ва эътиқоди мустаҳкам доштани аҳолӣ ба дин фаъолияти қозиҳо нигоҳ дошта шуда, онҳо аз ҷониби намояндаи маъмурияти ҳукумати подшоҳӣ-губернатори ҳарбӣ таъин карда мешуданд ва аз соли 1867 мувофиқи «Лоиҳаи низомномаи идоракунӣ дар вилояти Ҳафтрӯд ва Сирдарё» тартиби интихобии қозиҳо ҷорӣ карда шуд.

Баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр 2 сентябри соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухоро бо қарори худ судҳои қозигии то инқилобиро барҳам дода, таъсиси судҳои советии халқӣ ва судҳои қозигии халқиро эълон намуда, онҳо ба нозири адлияи Республикаи Халқии Советии Бухоро тобеъ карда шудаанд.

Минбаъд санаи 14 октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми КИМ умумироссияӣ Қарори Кумитаи иҷрояи Маркази РАСС Туркистонро дар бораи тақсимоти миллӣ-давлатӣ тасдиқ намуда, Республикаи автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон барпо гардида, яке аз аввалин судҳо-Суди округи Бухорои шарқӣ таъсис ёфт.

Дар маҳалҳо бошад, қозиҳои кент, туман, вилоят боқӣ монданд. Давоми солҳои 1925-1926 дар қаламрави РАСС Тоҷикистон судҳои халқӣ, судҳои округӣ ва Шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.

Моҳи июни соли 1927 бо Қарори КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон Шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон ва ҳамаи судҳои округӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ барҳам дода шуданд. Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон ва дар вилоятҳо намояндагони Сарсуд таъсис ёфтанд.

Бо Қарори КИМ-и Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1929 Суди Олии ҶСШ Тоҷикистон таъсис ёфта,  ҳайати онро, ки аз Раис, ҷонишин, аъзоёни суд ва шуъбаҳо иборат буд, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси пешниҳоди Комиссариати халқии адлия таъин менамуд.

Бо ба даст овардани Истиқлолият санаи 09-сентябри соли 1991, ки туҳфаи бебаҳо ва деринтизори халқи тоҷик буд, дар рушду такомули ҳокимияти мустақили судии кишвар роҳи рушди комилан навро кашф намуд.

Давраи Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз ислоҳоти конститутсионӣ маншаъ мегирад. Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон санаи 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи моддаи 9-и он он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба танзими ҳокимияти судӣ чун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амали намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Моддаи 87-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар кардааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва баамалбарории адолати судиро пурра таъмин менамояд. Мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти судӣ, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Дар идомаи такмили қонунгузории низоми судии кишвар соли 2001, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистион “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, рушди нақш ва мавқеи суд, такмили фаъолияти солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-1017 ва 2019-2021 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, дар ин самт барои иҷрои як қатор чорабиниҳо дар назди мақомот вазифаҳои мушаххас гузошта, тӯли солҳои охир дар ин раванд қонунгузории амалкунанда такмил ёфта, бо мақсади такмили ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори он дар ҷомеа, шаффофу босамар гардонидани фаъолият ва таъмини мустақилияти судяҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Мутобиқи талаботи Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 20 марти соли 2008 аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расида, аз 1 апрели ҳамон сол мавриди амал қарор гирифт.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи мазкур, ҷиҳати дар низоми судии кишвар ворид намудани ниҳоди нав – «коромӯз-судя» ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Ташкил шудани судҳои иқтисодӣ – ин натиҷаи мустақим ва қонунии (табии) ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва системаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вайроншавии тез, иқтисодиёти нақшавии ба моликияти давлатӣ асос шуда, аз як тараф, зарурати муҳими бурдани баррасии судии баҳсҳо ва муноқишаҳои иқтисодии иқтисоди бозоргонии ташкил ёфта истодаро, ки аллакай ба моликияти омехта, аз он ҷумла моликияти хусусӣ низ асос шуда буд, ба вуҷуд овард, аз дигар тараф бошад, арбитражи давлатӣ ва идоравиро бекор гузошт.

Роҳи баромад дар он дида шуд, ки арбитражи давлатӣ, инчунин идоравӣ низ барҳам дода шуда, дар базаи кадрӣ ва моддии онҳо системаи ягона ва томи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Инкишофи системаи Судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тағйир додани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва аз он ба судҳои иқтисодӣ анҷом ёфт, раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро инъикос менамояд.

21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироти дахлдор ворид гардида, 26 октябр расман ҳамчун – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ эълон карда шуд.

Дар ин фурсат тамоми кормандони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин рӯзи пуршараф аз сидқи дил табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти кориашон мувафақият, дар зиндагиашон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи абадиро тамано дорам.

Раиси Суди

иқтисодии вилояти Суғд                                                                         Мирзозода П.Т.