Вусъати омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ

Posted by

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз як қатор корхонаву муассисаҳои ноҳия дидан намуд. Аз ҷумла, аз фаъолияти корхонаи коркарди пахта “Деҳқон” ва ҷараёни сохтмони муассисаи роҳҳои автомобилгарди ноҳия боздид ба амал оварда, ҳамзамон рафти бунёди пули нав ва ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол мавриди шиносоӣ қарор гирифт. Хотиррасон менамоем, ки мақсад аз ин иқдом таъмини пешрафти фаъолияти корхонаву муассисаҳо ва сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон мешавад.

(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)