Мулоқот: вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35 солагии Истиқлоли давлатӣ

Posted by

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон ноҳия ширкат варзиданд. Иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Темурҷон Нӯмонзода мулоқотро ифтитоҳ бахшида, перомуни рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, вусъат додани корҳои саҳроӣ, аз ҷумла рафти чиниши пахта ва иҷрои дурнамо дар ин самт, рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ироа намуд. Дар идома аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома масъулин гузориш дода, натиҷа ва рафти иҷрои он баррасӣ ёфтанд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад дар суханронии худ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани рӯйдоди таърихӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин ва фаъолон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Масъулин ҷиҳати сифатнок иҷро нашудани нақшаи чорабиниҳо муваззаф гардиданд.

(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)