Бо мақсади иҷрои Фармони, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад. Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим санаи 21.05.2023 сол дар шаҳри
Хуҷанд бо иштироки беш аз 18 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни маркази маъмурии вилояти Суғд маъракаи васеи Дави миллӣ баргузор гардид. Дар ин маъракаи умумимиллӣ судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд иштирок карданд.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кӯчаи Султон Умаров, купрӯки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Ҳамчунин дар ин масир марафони велосипедронон низ сурат гирифт, ки дар он беш аз 1000 нафар иштирок доштанд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.