Омодашави ба фаъолияти мунтазам ва самарбахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024

Posted by

Бо мақсади сари вақт таъмин намудани иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 ва Нақшаи чорабиниҳо “Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”, имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд

Фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2023, №15 “Оид ба фаъолияти мунтазам ва  самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” дар маҷлиси навбатии кормандон мавриди омӯзиш қарор  дода шуд.

     Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро бо  Замимаи 1, Нақша чорабиниҳо шинос карда, оид ба таъсиси ситоди фаврӣ бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, маълумот дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *