Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар вилояти Суғд

Posted by

23 майи соли 2023 дар маркази вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.        

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷавонони вилоятро​ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо сиҳатмандии комил, бахту иқболи нек, муваффақияту дастовардҳои беназир ва шодмониву хушиҳои умрро таманно намуд.

      Қайд карда шуд, ки​ ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим доранд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои Президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомҳои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод гувоҳи он аст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

​     Ҷавонони моро зарур аст, ки бо азхуд намудани дастовардҳои технологии замони муосир дар мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муташаккилона ва огоҳона фаъолияти худро вусъат бахшанд.​ Зеро ояндаи кишвар аз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки алайҳи ҳамагуна зуҳурот муборизаи оштинопазир баранд. Ҷавонони саодатмандро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд.

       Кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд, ки аксарашонро ҷавонон ташкил медиҳад баробари дигар сокинони вилоят дар ин чорабинии идона иштирок карданд.       Пас аз суханронӣ аз ҷониби ситораҳои санъати тоҷик барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид ва бо мушакпаронии идона чорабинӣ ба охир расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *