Кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони ниёзманад дар арафаи иди фитр    

Posted by

Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ибтикори хайрхоҳона ва

инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.

     Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд  имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли ҳамчун кори хайру савоб дасти кумак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

      Дар идомаи ин иқдомҳо, имрӯз аз тарафи кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд дар арафаи иди фитр ба Интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен ташриф оварда ба онҳо кумакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ, гушт ва дигар маводҳои зарурӣ ҳамчун туҳфаи идона тақдим намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *