Санъат ороиши амали падидаи ҷолиб

Posted by

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд, ин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар инкишофи расму оину анъанаҳои миллӣ, муаррифии онҳо ва ҷаҳониён саҳмгузор бошем.

      Чуноне, ки сарвари давлат зикр намуданд, барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рўйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаи муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Аз ин рў дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ дар деҳот, мактабу кўдакистонҳо, корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои нави маъмури маишӣ, шўъбаҳои корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳҳои мошингард, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳангӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдончаҳои варзишӣ, таҷдиду азнавсозии НБО идома ёфта истодааст. Садҳо нафар зардузи мохир ба духтани либосҳои киматбахои дарбориён машгул буданд ва фақат як қисми ноҷизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосхои бо зардузи ородода – ҷомаҳои мардона, камзулҳо, шалворҳо, пойафзол, тасма, каллапушҳо, чиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони ӯ омода мешуданд. Дигар ҳеч кас, ҳатто шахсони воломаком ба чунин фармоиш ҳуқуқ надоштанд. Танҳо дар вақтҳои муайян ин гуна либосҳо аз тарафи худи амир туҳфа мешуданд.

       Санъати ороишии амали падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарханги бисёрчабхаи хар як халку миллат аст. Он падидаи гуногунпахлу буда, навъхои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халку миллатхо ба миён омада, бо решахои фархангии куханаш имруз хам дар инкишоф мебошад.

Барои омухтани таърихи сару либоси миллӣ, ҷиҳози хонаводаи миллии ҳар як халқ, барои онхое, ки бо таърих ва фарханги он халк шинос шудан мехоханд, аз чумла, санъатшиносон, кормандони театр рассомон ва намояндагони сохаҳои дигари фарҳанг муҳим аст. Аз тарафи дигар, дар ҷараёни шиносои бо таърихи либоси милли то андозае аз вижагиҳои либоси миллии халқҳои дигари ҳамсоя низ огоҳ шуда, монанди ё тафовут, иртибот ва таъсири этникию фарҳангии онҳоро ба ҳамдигар дармеёбем, ки ин ба муайян кардани этногенезиси халқҳои Осиёи Миёна мусоидат мекунад.

                Отаҷонзода Мадина Отаҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *