Мағулияти семинарии дохилии судяҳо ва кормандони

Posted by

Дар мавзӯи: Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017 № 276 «Дар бораи тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқимуқарраротиКонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё худ ҳамроҳи дигарон ба мақомоти дав­латӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо,сар­фи назар аз шакли моликияту тобеияти идориашон, муроҷиат намоянд. Онҳо тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар метавонанд дар идоракунии корҳои дав­латӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо кафолат додаанд амалӣ на­муда, метавонанд аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бархурдор бошанд.

 Ҷиҳати амалисозии ин кафолатҳои конститутсионии давлат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» метавонанд бе ягон мамониат ба мақомоти дав­латӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар намуди таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо муроҷиат пеш оваранд.

 Тибқи қонун таклифҳо – муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, му­ассисаҳо ва ташкилотҳо равона карда шудаанд. Ҷиҳати баррасии саривақтии таклифҳо мақоми давлатӣ ё идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадор мебошанд, ки таклифҳои шаҳрвандонро ҳаматарафа баррасӣ намуда, аз натиҷаашон мувофиқи хоҳиши онҳо барояшон хабар диҳанд.

Аризаҳои ба мақомоти мухталиф ирсолшаванда ин муроҷиатҳое мебошанд, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд. Шикоятҳо бошанд ин муроҷиатномаҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муас­сисаҳо, ташкилото, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шуда­анд. Мувофиқи қонун муроҷиатҳои шаҳрвандон инфиродӣ ё коллективӣ буда метавонанд, ки дар шакли даҳонӣ ё хаттӣ пешниҳод мегарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи шахсӣ инчунин ҳуқуқи дигар шахсон ва ташкилотҳои дигар равона карда шудаанд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳои электронӣ ва ба василаи шабакаи интернетӣ дар бар гирифта шудааст. Тибқи он муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд, дар сурате ба қайд гирифта, баррасӣ карда мешаванд, ки агар дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шахси муроҷиаткунанда нишон дода шуда, имзои электронии рақамӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта  шуда бошад.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда ва имзои электронии рақамӣ нишон дода  нашудааст ё ин ки ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном ҳисобида шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид  мешаванд, аз рӯзи ворид  шуданашон ба қайд гирифта, аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби  муқаррарнамудаи Қонуни мазкур хабардор карда  мешаванд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд

Ариза ва шикоят аз тарафи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон вайрон карда шудааст, аз тарафи шахсоне, ки шаҳрвандон онҳоро ба ин кор вазифадор кардаанд, инчунин шахси дигар ё ташкилоте, ки бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул аст, дода шуда метавонад. Шикоят ва ариза барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва касони ғайриқобили амал аз тарафи намояндаҳои қонунии онҳо дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки шикоят ва ариза ба мақоми болоӣ, ки шикоятгару аризадиҳанда тобеи он мебошанд, ба шахси мансабдор ё суд дар маҳалли воқеияти мақом ё ҷои кори шахси мансабдор, ки амали онҳо мавриди шикоят қарор гирифтааст ё аз рафтори ғайриқонунии онҳо хабар медиҳад  дода мешавад. Шикоят ва ариза дар бораи амали ғайриқонунӣ ба суд ба шарти пардохти боҷи давлатӣ дода мешавад. Тартиби пардохти боҷи давлатӣ ва андозаи он, асос ва тартиби аз боҷ озодкунӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муайян карда мешавад.

Дар қонунгузорӣ нисбати муроҷатҳои пеш оварда шаванда талабот мавҷуд мебошад, ки риоя кардани он ҳангоми муроҷиаткунӣ басо зарур аст. Ҳамин тавр, дар муроҷиат бояд фамилия, ном, суроғаи шахрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гарданд. Муроҷиатҳое, ки дар онҳо фамилия, ном ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд, муроҷиати беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд. Муроҷиатҳое низ беном дониста мешаванд, ки дар онҳо фамилия, ном ва суроғаи муроҷиаткарда (муроҷиаткардагон) ба воқеият мувофиқ нестанд.

Дар ҳамин радиф бояд иброз дошт, ки муроҷиатҳои ба мақомоти давлатӣ, мақомоти идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо равона карда шудаанду ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ба салоҳияти онҳо дохил намешаванд, дар мӯҳлати на камтар аз 5 рӯз ба мақомот ё шахсони мансабдори дахлдор фиристода, дар ин бора муаллифони онҳо хабар дода мешавад.

Шикоятҳо ва аризаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда дода шудаанд, ҳатман бояд мавриди баррасӣ қарор гиранд, қабул накардани шикояту аризаҳо мумкин нест. Ариза ва шикоятҳоро ҳамчунин ба он мақомот ва шахсони мансабдор фиристодан мумкин нест, ки нисбати амал ва беамалии онҳо шикоят намуда ё рафтори ғайриқонунии онҳо хабар дода мешавад.

Вобаста ба мӯҳлати баррасии арзу дархост ва шикоятҳои шаҳрвандон бояд ҳаминро ба назар гирифт, ки мутобиқи Қонун муроҷиатҳои шаҳвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро наметалабанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд.

 Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани тафтиши махсус, талаб карда гирифтани маводҳои иловагӣ ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мӯҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақоми дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот дароз карда шуда метавонад, аммо на зиёда аз як моҳ ва дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мӯҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметавонад.              

Шаҳрванде, ки бо шикоят ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо муроҷиат менамояд, ҳуқуқ дорад шахсан далелҳои худро ба шахсе, ки шикоятро тафтиш менамояд, баён кунад, бо материалҳои тафтиш шинос шавад, маводҳои иловагӣ пешниҳод кунад ё аз тарафи мақоми баррасикунандаи шикоят талаб карда гирифтани онҳоро дархост намояд, аз хизмати  адвокат ё шахси дигар истифода бурда, дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят ҷавоби хаттӣ гирад ва ҷуброни зиёни расонидашударо аз шахсони гунаҳкор талаб намояд.

 Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд ҳуҷҷатҳои  даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои тафтиш ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳоро таъмин кунанд дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиат мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон тафтиш намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои ҳимояшавандаи шаҳрвандон ва дуюмбора такроран расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт баррасӣ намоянд дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда ба шаҳрвандон хаттӣ хабар диҳанд.                                        

Рад кардани талаботе, ки дар ариза ва шикоят баён шудааст, бо  зикри сабабҳои радкунӣ, инчунин шарҳи тартиби шикоят нисбати қарори қабулшуда ба маълумоти шаҳрванд бояд расонида мешавад.

Таъқиби шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо барои ба воситаи муроҷиатҳо амалӣ намудан ё ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳояшон манъ  аст. Ҳеҷ касро барои иштирок кардан ҳимояи ягон муроҷиат маҷбур кардан мумкин нест. Шахси мансабдоре, ки шаҳрвандро барои муроҷиат кардан бо тартиби муқарраргардида ё барои танқиди дар он зикршуда, ҳамчунин барои танқид кардан ба шакли дигар таъқиб менамояд, мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ҳамчунин мувофиқи моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

 Тибқи Дастурҳои роҳбарикунандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 сол оварда шуда буданд ва ин муқаррарот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» низ мустаҳкам шудааст, вакилони ҳамаи сатҳҳо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият вазифадоранд, ки шаҳрвандро шахсан қабул кунанд. Шаҳрвандон мунтазам дар рӯзҳо ва соатҳои муқарраршуда рӯзҳои қабул карда мешаванд.

Қабули ҳамешагӣ дар рӯзҳои шанбе аз зумраи ин муқаррарот мебошад, ки кабул намудан аз тарафи роҳбарони мақоми аввалро дар назар дорад. Муроҷиатҳои даҳонии шаҳрвандон ва натиҷаҳои баррасии онҳо бояд дар дафтарҳои дахлдор ба қайд гирифта, ба таври лозимӣ ба расмият дароварда шаванд. Тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлатӣ,иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоаз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

                                                              Саидзода  У.Ҷ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *