Ваҳдат- нусрати халқ

Posted by

Мусаллам аст, ки бисту панҷ сол пеш,27 июни соли 1997 фарзонамарди тоҷик, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯсту сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин ихтилофот хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд.

Ба иттифоқи аҳли назар расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Пас хотима ёфтани Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯ ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардонидани муҳоҷирон ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвору вазнин шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаросати мардумпарварона, ватанпарастӣ ва миллатидӯстиашон боиси он гардид, ки борҳо дар он рӯзҳои вазнину муташанниҷ ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистони азизамон сафарҳои пурхатар анҷом диҳанд.

Зеро то даме, ки ин санади тақдирсоз ба имзо расад, ҳазорон нафар ҷони худро бохтанд, даҳҳо ҳазор бе хонаву ҷой монданд, тарки Ватан карданд, ҷаҳолату зулмот, оташи кинаву адоват мардумро ба коми худ кашид. Овози ятимону оҳи модарон, садои тиру бонги изтироб фазои мусаффои кишварро тирагун сохт, мамлакат ба вартаи ноумедӣ ғарқ гашт. Вале дар байни садоҳои беҷавоб садои умедбахшу дилгарм баланд гашт, ки мардумро ба сӯи наҷот ҳидоят намуд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки нақши Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, густариши ҷунбиши пуриқтидори халқӣ, чун Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳалкунанда буд ва имрӯз ин сиёсати баҳамоии мардум чун қутбнамои фаъолияти ҳамагон эътироф ва эътибор пайдо кардааст.

Ҳамин тавр, халқи тоҷик дар боғи ҳастии мардуми аҳли башар ниҳолеро пайванд кард, ки он ба худ номи Ваҳдатро гирифт ва он ниҳол имрӯз ба дарахти азиме табдил ёфтааст, ки ҳар сол самари он зиёд мегардаду дар сояаш кас фароғат меёбад.

Яъне мароми ваҳдатсоз дар сиришти халқи мо азалӣ буда, ҷавҳари таъриху тамаддуни онро ташкил медиҳад. Мардуми мо дар таърихи бисёрсолааш ҳамчун халқи сулҳҷӯ, ваҳдатофарин шӯҳрат ёфтааст.

Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмиллалӣ гаштааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худодод истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.

Оре, Ваҳдати миллии мо дар корбурди ҳар ангушт сарчашма мегирад ва гузашти чанд соли давлатдориамон шоҳид гашт, ки мо танҳо дар сурати сарҷамъ кор фармудани зӯри бозую ҳар ангуштон метавонем, волотарин ормонҳои давлатдориамонро пиёда намуда, аз ниёзҳои диниву дунявии хеш бархурдор бошем.

Ваҳдат, сулҳ, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамонтва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Бисту панҷ сол аст, ки мардуми саодатманди тоҷик Рӯзи Ваҳдатро ҳамчун рӯзи таърихӣ, фаромӯшнашаванда ва муқаддас истиқбол мегиранд. Ҳар солгарди иди Рӯзи Ваҳдат барои мардуми мо ба як тантанаи фараҳбахш ва хотирмон табдил меёбад. Ин рӯйдоди наҷиб ба андешаи мо бори дигар суханони ҳикматбори аҷдодамон, ки қариб ҳазор сол пеш сабт шуда, то имрӯз қутбнамои мо ба сӯи созандагӣ аст ба хотир меорад: «Бояд барои ободонии ҷаҳон кӯшид ва онро ба дурустӣ нигаҳбонӣ кард ва ба сӯи рӯшноӣ бурд».

И.в Раиси суди иқтисодии в.Суғд

Исмоилзода И.И

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *