Яке аз қаҳрамонон Тоҷикистон фарзанди барӯманди халқи тоҷик собиқ Раиси Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи тавре, ки ба мову шумо маълум аст, санаи 27 июни соли 2006, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» мукофотонида шудааст ин Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Замоне дар деҳаи кӯчаке бо номи Поршиневи волости Шуғнон соли 1899 дар хонаи деҳқон тифле ба дунё омад, ки Шириншоҳ ном гирифт. Аслу насаби падараш аҳли руҳонист, ки он дар номи насби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо»- сид, ё худ вориси бевоситаи Муҳаммад аст.
Нусратулло аз хурдӣ дар корҳои саҳро яъне ғалла корц ба волидойнаш ёрирасон буд. Онҳо хеле зиндагии қашшоқона доштанд. Падараш дар дил орзу дошт, ки ӯро омӯзонад. Аммо бо кори тағдир тақрибан солҳои 1908 ё соли 1909 вақте Шириншоҳ, ки 8-9 сола буд, волидойнаш аз ин олам падруд гуфтанд. Шириншоҳи кучак баъ аз ҷудои аз волидойнаш то синни дувоздаҳсолагц дар назди бародараш умр ба сар бурдааст. Соли 1911 ба интернатц назди ом=зишгоҳи русц-маҳалли Хоруғ, ки дар К=ҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хондааст. + дар зимистон таҳсил дошта дар тобистон назди сардори отряди Помир кор мекард- гулҳоро об медод. Шириншоҳ аз синни 14-солагц бо меҳнати хеш зиндаги мекард.
Соли 1914 дар сини 15-солагӣаш мактаби мазкурро хатм намуда, бо штабс – капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки дар Тошканд зиндагӣ мекард, аз Помир ба ш.Тошканд омад. Ва дар давоми 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонааш ба сифати пешхизмат ва дарбон кор мекард. Аз декабри соли 1914 то моҳи маи соли 1915 чун фаррош дар омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ – маҳаллии шаҳри Тошканд хизмат намуда, айни замон назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин, ки акнун дар уезди Тошканд бухгалтерии завод шуда, кор мекунад, таълим гирифт.
Ва аз санаи 1 майи соли 1915 таҳсилашро хотима дода, то моҳи августи соли 1915 мардикори заводи Иванов (Бешоғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кандуктори трамваи Тошканд буд. Ва аз октябри с. 1916 то январи с. 1917 дар артели Матвеев ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор карда. Аз моҳи январи с. 1917 то 26 август боз дар назди ҳамон муаллим барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар сини 18-солагӣ ба синфи аввал дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд. Шириншоҳ маҷбур шуд, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шавад. Баъди як моҳ – моҳи октябри с. 1917 Инқилоби Октябрро пешвоз гирифт. То ин вақт Шириншоҳ дар бораи ғояи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надошт. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок карда, аз моҳи январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист шудааст.
Шириншоҳ дар семинария то соли 1921 таҳсил намудаас. Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи майи соли 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба шаҳри Қ=қанди Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин ширкат дошт. Баъди дуним сол – 10 июл бо телеграммаи Турк – ЦИК ба шаҳри Тошканд ҷеғ зада шуда, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июли соли 1921 ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид. Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри соли 1922 сардори он буд. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (cоли 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Шириншоҳ Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъйин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристонда шуд.
Ин аст мухтасар дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Ин шахси миллат д=ст то охири умраш барои бунёди Ҷумҳурии мухтор, сипас Ҷумҳурии Иттифоқи Тоҷикистон, ташкили саноат, таъсиси матбуоти тоҷик, ба воя расонидани кадрҳои гуногуни ҳизбц ва давлатц нақши муҳим бозидааст.
Ҳайитбобоева Мадина Отаҷоновна