Нақши Истиқлолият дар таҳкими ҳокимияти судӣ

Posted by

Бо эълон шудани истиқлолияти давлати дар арсаи байналмиллали Точикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шуда, ба сўи инкишофи мустақилона қадам ниҳод тули 30 сол мешавад, ки Точикистони соҳибистиқлоли мо бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафта истодааст.

Тўли 30 соли Истиқололият бо ташаббус, роҳнамои ва сиёсати хиратмандонаи бевоситаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомал Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт. Дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқи қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлати таҳкиму рушд меёбанд.

Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлати Точикистон ҳамчун қисми чудонашвандаи чомеаи чаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳамин замина, Точикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳро эътироф карда, санаи 06-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқи Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқи қабул шуда, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, ичроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлати вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешрави ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлати дар қатори мақомоти қонунгузору ичроия баҳри дар мамал татбиқ намудан ва амалисозии адолати суди дар чомеа фаъолият менамояд.

Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти суди бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти суди ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст: “Ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти суди ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Инчунин дар Конститутсия омадааст, ки адолати суди аз чониби Суди Конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, Суди ҳарби, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амали мегардад.

Ҳамзамон чоизи қайд аст, ки дар боби мазкури Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуқтаи хеле муҳим – амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст. Чунончи дар моддаи 87-и Конститутсия қайд карда шудааст: судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Ин нуқтаҳо барои пойдории мустақилияти рукни ҳокимияти суди, ки яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, баҳри таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва бегаразона, ки дар асоси сарқонун ва қонунҳо таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Имрўз ҳар як фарди Точикистон бо тамоми ҳасти дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу ватандори, кафолати хонаободи, саодатманди, сарбаландию осоиштагии мо мебошад ва он дар тамоми чабҳаҳо, ҳам сиёси, иқтисоди, ичтимои, мадани фарҳанги ба дастовардҳои 30 соли истиқлолият ноил гардида, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрванди ва заминаи маънавии давлати соҳибистиклоли точикистон воситаи тавонову созандае мебошад.

Дар баробари ин дар даврони Истиқлол мақомоти судии кишвар низ ба мазмуни воқеии шохаи мустақили ҳокимият ноил шуда истода, он тадричан зина ба зина бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа ва амали гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти суди – ҳуқуқи пешбинигардида тақвият меёбад.

 Котиби маҷлиси судии

 Суди иқтисодии вилояти Суғд:                                    Сайдуллоӣ П.Ҳ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *