Ваҳдат – бақои миллат

Posted by

   Имсол аз имзои Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 24   сол  сипарї  мегардад. Рўзи Вањдати миллиро њамасола  мо бо шукӯҳу  шаҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси  ифтихори баланд  таҷлил менамоем. Бо имзо шудани ин санади муњими  таърихї  мардуми  азиятдидаи мо  ба муќовимати мусаллањона хотима  бахшида, кишварамонро аз харобї, миллатамонро аз парокандагї ва Ватанамонро аз  нобасомониву нобудї  наљот бахшид.

       Вањдати  миллї  барои  миллати сарбаланду  фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу таќдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рўзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз њам таҳким бахшид.

Табиист, ки дар рӯзҳои сахту мудҳиш таҷрибаи талхи давлатдории Сомониён пеши назар меомад. Аз таърих медонем, ки дар натиҷаи фитнаву дасисаҳо, вусъат ёфтани мухолифату задухӯрдҳо дар миёни фарзандони як миллат давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон ба шикаст рў овард.

Ҳамин тариқ, бар асари фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта роҳандозӣ карда, оташи ҷанги таҳмилиро дар ҷумҳурии мо афрӯхтанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона доманадор шуд ва меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд.

Бинобар ин пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар он рӯзҳо чандон осон набуд. Роњбарияти тозаинтихоби мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зӯроварї ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариќи гуфтушуниди љонибњо ба миён гузошта шуд.

Мусаллам аст, ки дар он рӯзҳо дастурамали тайёр ё худ ягон намунаи таҷрибаи сулҳофарӣ мавҷуд набуд, ки онро ҳамчун асос қабул кунему аз рӯи он корбарї намоем. Дар ҳамаи ҳашт даври музокироту бисту як вохӯриҳои расмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайнро фароҳам оварда, чун роҳнамои асосӣ ба Конститутсияи мамлакат ва иродаи ҷонибҳо такя карда мешуд.

Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба љањониён собит намуд, ки дар њаќиќат яке аз миллатњои куњанбунёду фарњангии  дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулњхоњу ботањаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад. Агар рањбару рањнамо ва мушкилкушое чун Сарвари муаззами кишвар Эмомалї Рањмон дошта бошад.

Солҳои сипаришуда, ки барои миллати сарбаланду  фарњангпарвари  мо марњилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид.

     Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, зањмати  пурмањсули мардум ва  рањбарии хирадмандонаи  Президенти муњтарам Эмомалї  Рањмон медонем. Дар амри ба даст овардани комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва кулли ҷомеаи  шаҳрвандӣ  нақши сазовори худро мегузоранд.

Вањдати миллї яке аз дастовардњои  бузурги халќи тољик дар замони соњибистиќлолї буда, аз андешаи миллии тољикон ва наќши боризи  Президенти муњтарам Эмомалї Рањмон  њамчун воситаи муњими баќои миллат сарчашма гирифта, љомеаи муосири моро ба бунёдкорї  ва шукуфоию саодатмандї роњнамої мекунад.

Хиради волою азалї, тамаддуни баланди оламгир, гуфтори нек, пиндори нек,  кирдори нек, ки дар раванди таърихи ќарнњо њамчун арзиши бебањои љовидона  хизмат карда, дар андешаву омоли миллати тољик љой гирифтааст, мардуми моро аз мањву нобудшавї нигоњ дошта, дар замони мо  низ асоси ѓоявии Вањдати миллати тољиконро ташкил медињад. Шиори умда ва илњомбахши Сарвари давлат, ки манзури њамагон намуд, “Тољикистони озоду соњибистиќлол Ватани мањбуби њамаи мо!” аз њамин воќеияти њаётбахш сарчашма мегирад.

 Танњо хирад, аќли солими расо, ахлоќи њамида ва маънавиёти баланд метавонад ҳушёрии сиёсї,  сабру тањаммул ва ифтихори миллиро тањким бахшида, моро  аз ранҷишу хушунат ва хатокорию зиёдаравиҳо наҷот диҳад ва дар ниҳоят миллатамонро бо њам пайванди ногусастанӣ бахшад. Дар њамин доира мо метавонем миллатро ба бунёдкорию созандагї њидоят намуда, сулњу суботро на танњо дар дохили кишвар, балки дар минтаќа њам тањким бахшем.

 Гузашта аз ин моро зарур аст, ки фарњанги сулњ ва вањдати ба даст овардаамонро арљгузорї ва њифз намоем, зеро ки суботу вањдати миллї барои ҳама гуна љомеа ба хусус барои кишвари мо чун обу ҳаво лозим аст. Њамзамон, сулҳу ваҳдат заминаи боэътимоди тамоми тањаввулоту пешрафти сохтори давлати демократї ва рушди љомеаи  шањрвандї мањсуб меёбад.

Вазъи сиёсию  иљтимоии имрўзаи љањон ба њамагон рўшан аст. Дар њар гўшаи олам гурўњњои ифротї ва низоъбарангез рўи сањна омада истодаанд, ки оќибатњои ногувори онро дида истодаем. Пўшида нест, ки љавонони тољик њам ба гирдоби чунин бесарусомонињо печида истодаанд. Дар ин маврид ташвишњои Роњбари давлатамонро бояд дарку эњсос намоем. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї  Рањмон њам дар Паёми имсолаашон зимни суханрониашон дар мулоќот бо қишрҳои гуногуни кишвар дар мавриди гароиши љавонон ба њаракату равияњои ифротї ва ѓайриќонунї бо изтироб изњори андеша намуданд.

Дар њаќиќат авзои сиёсию иљтимої дар минтаќа ва љањон рў ба нооромї овардааст. Ин њолат пеш аз њама ба вазъи иќтисодї таъсири калони манфї мерасонад. Бинобар ин Љаноби Олї аз љавонони кишвар ва умуман мардуми Тољикистон даъват кард, ки пеши роњи чунин равандњоро бигиранд. Зеро ки он оќибатњои ногувореро дар пай дорад. Давлати ба ном исломии Шому Ироќ бо амалњои дањшатбор ва ќатлу куштори берањмонаашон нафрату адовати кулли мардуми на танњо мусулмон, балки тамоми љомеаи солим фикри оламро ба миён овардаанд.

Мардуми Тољикистон бояд рўзњои сахти солњои навадуми асри гузаштаро фаромўш  накунанд, ки чї гуна харобињо оварда буд. Дар њамон давра њам исломи сиёсї сар баланд карда, иддаои ќудрат  намуда  буд. Бо чї хел мушкилот мо ба сулњу созиш расидем, инро њам бояд њаргиз фаромўш насозем.

Душманони дохиливу хориҷии мо низ дар андешаи ба нобасомонї ва мушкилот гирифтор шудани ҷумҳурӣ ва мардуми тоҷик мебошанд. Табиист, ки дар ин гуна вазъият фаъолияти ҳизбу ҳаракату ҷараёнҳои ифротию ғайриқонунӣ ва сепаратистӣ вусъат пайдо мекунад ва барои амалӣ гардондани ҳадафҳои муғризонаашон аз ашхоси ноустувор истифода мекунанд. Омили асосии тибқи қонун љашн гирифтани  рўзи Вањдати миллӣ аз он иборат аст, ки мардуми Тољикистон, хусусан насли ҷавон ҳамеша дар ҷараёни таҷрибаву сабақҳои гузаштаву имрўзаи таърихи худ қарор дошта бошанд ва сабабњои ба вартаи љанги шањрвандї гирифтор гардидани миллати куњанбунёду фарњангиамонро бештару амиќтар тањлил  намоянд. Танҳо бо ҳамин васила мо таърихамонро меомӯзем ва ягонагии миллату давлатамонро эњтирому арљгузорї ва ҳифз менамоем.Дастуру њидоятњои Сарвари давлатамон њамаи моро ба њамин масъалаи њаётї њидоят менамояд.

Мусаллам аст, ки мањз бо талошњои Сарвари муаззами кишвар Эмомалї Рањмон миллати тољик ба њам омад ва ин дастовард боиси он гардид, ки љомеаи љањонї кишварамонро њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд ва дунявию  ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназир ва вусъатбори мо буд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳарфу садои мо гӯш мекунад. Ташаббусу иқдомҳои Тољикистонро мепазиранд ва барои амалӣ гардондани онҳо аз минбарҳои баланд тасмим мегиранд.

    Тољикону тољикистониёнро имрӯз дар ақсои олам њамчун мардуми хайрандешу сулњпарвар ва маърифатдўст шинохтаву эътироф  мекунанд.  Бо иќдоми Тољикистон ва Рањбари он дар масъалаи тоза нигоњ доштани муњити экологї, њамкорињои љањонї дар соњаи об, пешгирии терроризму ифротгарої, ѓанї гардондани арзишњои миллї ва тамаддуни љањонї чандин ташаббусњо амалї гардонда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки мо барои сулњи пойдор ва њаёти осоиштаи мардумамон заминаи боэътимод гузошта истодаем, вале имрӯз ҳадаф аз он иборат аст, ки Тољикистони азизамон тараќќї карда, ба сафи давлатњои пешќадами дунё ворид гардад, наслњои оянда зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некї ёд кунанд. Барои ин зарур аст, ки ба халалдор шудани сулњу субот ва пойдории Вањдат њаргиз роњ надињем ва баќову пойдории давлати миллиамонро пайваста таҳким бахшем.

Қобили зикр аст, ки  мардум бо як љањон умеду орзуњо дар роњи густариши давлату давлатдорї, пешравии љомеаи соњибистиќлоламон талош мекунанд, ки ин аз рӯҳияи баланду ифтихори миллӣ ва соҳибдавлатии онҳо дарак медиҳад.Во­ќеъияти зиндагї ва таљрибаи љомеаи љањонї собит месозад, ки агар шањрвандон маърифати волои сиёсї надошта бошанд, дар миёни онњо вањдату якдилии устувор ба вуљуд намеояд. Аз ин рў  моро зарур аст, ки њамарўза бањ­ри баланд бардоштани сатњи маърифату шуури миллии мар­ду­­ми кишвар, фарњанги сиёсии љомеа, таќвияти вањдату як­ди­лии халќи кишвар, бењдошти шароити иќтисодию иљ­­тимоии ањли љомеа ва рушди босуботу тараќќиёти мамлакатамон аз тамоми нерую имкониятњои мављуда самарабахш истифода намоем.

Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ “Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ мањз аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин вазифаи љонии ҳар кадом шахси соњибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон- Тољикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муќаддас дорад.

Имрӯз таҷрибаи сулҳу сулҳофарии тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ва фурӯнишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ чун як падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шудааст”.  

Арзиши муҳим ва волои таҷрибаи сулҳи тоҷикон, албатта, татбиқи ҳадафи бузурги таърихӣ – ваҳдат ва муттаҳидии миллӣ мебошад. Ва чунонки мебинем, имрӯз мо аз баракати сулҳу ваҳдат ба дастовардҳо иназаррас ноил гардидем. Муҳимтар аз ҳама мо сохтори навини иқтисодиро дар амал ҷорӣ намудем, ки он ҷавобгӯи талаботи асри XXI мебошад. Барои таъмини рушди сифатан нави иқтисодиву  иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон қабул карда шудааст, ки он бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ таҳия гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва аз тариқи он ба кишварҳои минтақа интиқол додани қувваи барқ аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Ҳадафи дигари стратегияи давлат бунёди иншоотҳои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқи коммуникатсионӣ, пеш аз ҳама роҳҳо, туннелҳо ва пулҳо мебошад, ки барои тақвияти ҳамгироии миллӣ ва байналмилалӣ василаҳои ҳатмӣ ва зарурӣ мебошанд.

Тавре ки маълум аст, дар марҳалаи кунунӣ авзои сиёсии ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад, хусусан нуқтаҳои даргир, ки дар онҳо зиддиятҳои гуногун ва пеш аз ҳама низоъҳо ва бархӯрдҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шиддат  мегиранд, вазъи оламро дар ҳолати нооромӣ нигоҳ  медоранд. Ин воқеият таҷрибаи сулҳиморо боз ҳам арзишманд мегардонад. Зеро он пеш аз ҳама бо хусусияти созандаи худ арзиши нодир ва бебаҳои таърихӣ дорад. Истифодаи пайгирона ва масъулонаи ин таҷриба барои ҳалли низоъҳои дохилии сиёсӣ мусоидати фаъол ва самарабахш хоҳад намуд.

Дар  ниҳоят таъкид кардан лозим аст, ки Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон  арзиши муқаддасу азиз баҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо мегардад. Бинобар ин вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд ва азизу пос дорад.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода С.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *