Институти тобеияти судӣ дар мурофиаи судии иқтисоди барои ҳал намудани масъала оиди тақсимоти парвандаҳои тобеияти идории судҳои иқтисодӣ буда дар байни судҳои гуногуни системаи судҳои иқтисодӣ хизмат мекунад. Вобаста аз он ки кадом меъёр асоси тақсимот шудаанд – сатҳи суди иқтисодӣ дар система ё маҳалли (ҳудуди) баррасии парванда, тақсимкунии тобеияти судӣ ба предметӣ ва ҳудудӣ қабул шудааст.
Парвандаҳое, ки ба судҳои иқтисодӣ тобеияти идорӣ доранд, дар суди марҳилаи якум аз ҷониби судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ба истиснои парвандаҳое, ки ба тобеияти судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, баррасӣ мегарданд.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
– дар бораи баҳсталаб будани санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонун мутобиқат надоранд ва ба ҳуқуқу манфиатҳои аризадиҳанда дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дахл доранд;
– баҳсҳои байни ташкилотҳои воқеи қаламрави ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даъвоҳоеро, ки нисбати онҳо изҳор карда шудаанд;
– дигар парвандаҳоеро, ки бо қонун пешбинӣ шудаанд.
Аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти ҷавобгар пешниҳод карда мешавад.
Даъво нисбати ҷавобгар, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти вай маълум нест, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани молу мулки вай ё аз рӯи маҳалли охирини ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад.
Даъво нисбати ҷавобгароне, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё зисташон дар қаламрави гуногуни марзию маъмурии ҷумҳурӣ мебошад, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти яке аз ҷавобгарон пешниҳод карда мешавад.
Даъво нисбати ҷавобгар, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти он дар қаламрави давлати дигар ҷой дорад, аз рӯи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будани молу мулки вай пешниҳод шуда метавонад.
Даъвое, ки аз шартнома бармеояд ва дар он маҳалли иҷро зикр ёфтааст, метавонад ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли иҷрои шартнома пешниҳод карда шавад.
Даъво нисбати шахси ҳуқуқӣ, ки аз фаъолияти филиал ва намояндагии он ки берун аз мавқеи ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ бармеояд, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ё филиал, намояндагӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми ба якчанд судҳои иқтисодӣ тобеъ будани парванда ҳуқуқи интихоби суд ба даъвогар тааллуқ дорад.
Мувофики м.36 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судии шартномавӣ, ки дар моддаҳои 34 ва 35 Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст, метавонад бо мувофиқаи тарафҳо то қабули ариза ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ тағйир дода шавад. Дар м.37 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти истисноии судӣ кайд гардидааст, ки инхоянд:
- Даъвоҳо дар бораи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани ин молу мулк пешниҳод карда мешавад.
- Даъвоҳо дар бораи ҳуқуқ ба ҳавопаймо, киштиҳои обҳои дохилӣ, объектҳои кайҳонӣ ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли бақайдгирии давлатии онҳо пешниҳод карда мешавад.
- Даъво нисбати боркашонанда, ки аз шартномаи ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷҳои онҳо бармеояд, аз ҷумла вақте ки боркашон яке аз ҷавобгарон мебошад, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии боркашон пешниҳод карда мешавад.
- Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани ҷавобгар ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар пешниҳод карда мешавад.
- Ариза дар бораи муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ба истиснои ариза дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳукуқӣ, ки барои ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ё қатъ гаштани ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул аҳамият доранд, ба суд аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани молу мулки ғайриманқул пешниҳод карда мешавад.
- Даъвои муқобили даъво новобаста ба тобеияти судиаш ба суди иқтисодие, ки даъвои якуминро баррасӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
Мувофики м.38 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ парвандае, ки суди иқтисодӣ бо риояи қоидаҳои тобеияти судӣ барои баррасӣ қабул кардааст, бояд аз ҷониби ҳамин суд моҳиятан баррасӣ ва ҳал карда шавад, ҳарчанд минбаъд он метавонад таҳти тобеияти судии суди дигари иқтисодӣ қарор гирад.
Суди иқтисодӣ парвандаро дар ҳолатҳои зайл барои баррасӣ ба суди иқтисодии дигари ҳамон сатҳ месупорад, агар:
– ҷавобгаре, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти вай қаблан маълум набуд, дар хусуси супоридани парванда ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти он дархост пешниҳод кунад;
– ҳарду тараф ҷиҳати баррасии парванда дар маҳалли мавҷудияти аксарияти далелҳо дархост пешниҳод карда бошанд;
– ҳангоми баррасии парванда дар суд ошкор гардад, ки он хилофи қоидаҳои тобеияти судӣ ба баррасии суд қабул карда шудааст;
– суди иқтисодии мазкур дар баҳс яке аз тарафҳо ба шумор равад;
– агар баъди рад намудани як ё якчанд судяҳо ё бо сабабҳои дигар ташкил кардани ҳайати нави суд барои баррасии ҳамин парванда имконнопазир гардад.
Дар бораи ба дигар суди иқтисодӣ супоридани парванда таъинот бароварда мешавад. Парванда бо таъинот ба суди иқтисодии дахлдор дар мӯҳлати панҷ рӯзи баровардани таъинот фиристонида мешавад.
Парвандаеро, ки аз як суди иқтисодӣ ба дигар суди иқтисодӣ ирсол гардидааст, бояд барои баррасӣ суде қабул карда шавад, ки парванда ба вай фиристода шудааст. Баҳсҳо оид ба тобеияти судӣ байни судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Судяи суди
иктисодии вилояти Сугд Абдуллозода Ф.Н.