Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.

Posted by

«Ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Бо назардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад» – баён дошт, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Парлумони кишвар».

Аз қадимулайём миёни бани башар оила мавҷуд буд. Мутафаккири Юнони қадим Арасту гуфта буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост».

Оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад. Тамоми фарзандони Одам нигаҳбону сарваранд, мард сарвари хонавода ва зан бону, сарпарасти хона аст. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо.

Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, ҳар оина муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд.

Сутуни асосии оилаи солим якдигарфаҳмӣ байни аъзои он аст, бахусус миёни зану шавҳар. Бале, Худованд зану мардро мухталиф офаридааст ва неруву хислатҳои онҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. З-ин сабаб онҳо зимни барпо доштани зиндагии муштарак, мушфиқи ҳамдигар қарор мегиранд. Зану мардро метавон ташбеҳ ба офтобу моҳтоб кард, ки вазифаҳои хосе доранд дар худ. Чун мард тавоною неруманд ҳаст, ӯро ба офтоб ташбеҳ медиҳанд, вале аз сабаби орому нозук будани зан ӯро ба моҳ шабеҳ медонанд, чунки шаб замони оромист. Дар ҳаёт вазифаҳои сангин бар дӯши мардон вогузор аст, вале вазифаҳои нафису кӯчак бар дӯши занон мебошад. Зеро мард қависту тавони бардошти вазниниро дорад, вале ҷисми латифи зан ба ин қодир нест. Мард бештари вақт берун аз хонавода мебошад ва тарбияи фарзанд, агарчи масъулияти волост, вале бар уҳдаи зан мебошад.

Гуфтањои бузургони гузашта низ бар ин маъно мефармояд: Зан дар хонаи шавҳар, мисли чӯпон аст ва бар раъияти хеш масъул.

Вазифаи зану мард, эй ҳаким донӣ, ки чист,

Якест киштию в-он дигарест киштибон.

Чу нохудост хирадманду киштияш маҳкам,

Дигар чи бок зи амвоҷу вартаву туфон.

Ҳаққо, ки оила киштиест, дар баҳри ҳаёт шинокунанда. Барояш сарпарасте лозим, то ҳаракати онро ба танзим дароварда, нигоҳ дорад. Маҳз чунин масъулият дар зиндагии оиладорӣ бар дӯши мард вогузор гардидааст. Далели ин гуфтаҳо сураи «Нисо», ояи 34 мебошад: «Мардон бар занон мусаллат (сарвару сарпараст) мебошанд».

Худованд масъулияти бузургеро бар дӯши шавҳар гузошта, ӯро уҳдадор сохта, ки бо риояи тамоми талаботҳо вазифаи хешро иҷро намояд. Дар баробари ин, зану фарзандон бояд сарварии ӯро эътироф намуда, фармонпазир бошанд. Инчунин дар иҷрои ин умур бо вай ҳамкорӣ намоянд. Омилҳои асосии бунёди оила: Нигоҳ доштани навъи инсонӣ, ҳифзи робитаи насабӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бадбахтиҳо дар ҷомеа ва ҳамкории зану мард дар сохтани низоми хонавода, бахусус тарбияи фарзанд.

Ба дурустӣ, бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз инсон масъулияти гаронеро тақозо мекунад. Шариати мо ҳам дар ин асно ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст. Танҳо пас аз иҷрои ин амалҳо ҳам мард ва ҳам зан метавонанд дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ оилаашонро мустаҳкам нигоҳ доранд. Ҳаёти инсон, мисли дарё ҳам мавҷ дораду ҳам ављ. Барои барпо намудани муносибат вақти зиёде лозим аст, махсусан дар бунёди муносибати оилавӣ. Вале барои аз байн бурдани он як дақиқа ҳам кофист. Пас ҳар нафар бояд зиракиро аз даст надода, дар тасмими бунёди оила зиёд тафаккур ва пас аз бунёд қадрашро бидонанд, барои солимии он ҷаҳду талоши беандоза намояд.

Судяи суди

иктисодии вилояти Сугд                                                                   Гулзода С.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *