Конститутсия хомии манфиатхои шахрвандони Чумхурии Точикистон

Posted by

Конститутсияи  Чумхурии Точикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо рохи раъйпурсии умумихалки кабул шудааст, сарчашмаи хукукие мебошад, ки асоси хукукии хамаи дигар конунхоро ташкил менамояд.

Албатта, кабул намудани Конститутсияи нави Чумхурии Точикистон бесабаб набуд. Чунки баъди бархам хӯрдани ИЧШС чумхурихои дар хайати он буда ба сохти дигари давлатдори гузаштанд, ки асоси онро муносибатхои бозори ташкил менамоянд. Конститутсияи соли 1978-и Чумхурии Точикистон, ки сохти олитарин форматсияи чамъиятиро ифода мекард, дар шароити кунуни дигар вазифахои худро ичро карда наметавонист. Оиди кабули Конститутсияи нави Чумхурии Точикистон ханӯз баъди мустакил шудани Чумхурии Точикистон масъала пайдо шуда буд, вале чанги граждани барои пештар кабул шудани он мамониат кард.

Натичаи инкишофи давлатию хукукиро дар солхои истиклолият бахо дода истода, накши махсус ва ахамияти Конститутсияро ќайд кардан зарур аст. Тахлили амали шонздахсолаи Конститутсия имконият медихад, ки як ќатор омилхоеро, ки арзиши ичтимои ва наќши мусбати ташкилии онро муайян кардаанд, махсус ќайд кард.

Якум, Конститутсия яке аз заминахои асосии сиёсию хуќуќии мунназам, тамаддунона гузаштан ба чамъияти демократи гашт. Амалхои мусбат дар наќши устувор ва муттахидкунии он дар чараёнхои чамъиятию сиёси низ зохир гардид.

Дуюм, Конститутсия дар худ принсипхо ва меъёрхои маъмулро, ки дар санадхои хуќуќии байналмилали сабт ёфтаанд, ба худ гирифта онро ба воќеияти юридикии милли табдил дод.

Сеюм, Конститутсия асоси хуќуќи барои ислохотонии тамоми сохтори чамъияти ва давлатии мамлакат гашт. Меъёрхои Ќонуни асоси барои муайянтар кардани мохияти Конститутсия дар санадхои ќонунгузори, ташкили системаи нави хуќуќии миллии демократи асос гаштанд.

Чорум, Конститутсия системаи механизми давлатиро сохта, онро устувор гардонд, ваколатхо ва муносибатхои хамдигарии маќомотхои хокимияти давлатиро дар асоси принсипи тачзияи хокимиятхо муайян кард. Давлат ва маќомотхои он дар фаъолияти худ бояд ќатъи талаботхои Конститутсияро риоя намоянд, хуќуќу озодихои гражданинхоро химоя ва таъмин намоянд, барои манфиати халќ хизмат намоянд.

Панчум, Конститутсия нишона, махак ва намунаи муайяне гардид, ки тачассуми худро дар хаёти хамарӯза талаб менамояд. Дар шароити давраи гузариш, дар холе ки асосхо ва анъанахои демократи дар мамлакати мо акнун ташкил шуда истодаанд, холатхои Конститутсия ормони маќсадгузорӣ шуданд, ки ба он ќуввахои пешќадами чамъият кушиш менамуданд. Тачассумкунии ѓояхо ва принсипхои Конститутсия дар хаёти хуќуќи дар ташкили тарзи усулан нави пешќадами маданияти хуќуќии чамъият, ки ба арзишхои таърихи, милли ва маънавии халќ асос шудаанд, низ зохир гардиданд.

Шашум, Конститутсия барои инкишофи юриспруденсия (хуќуќшиноси) таъсири калоне расонид. Дар Конститутсия на танхо хуччати сиёси-идеологи, балки санади хуќуќии эътибори олии юридики дошта мушохида карда мешавад. Махз ба воситаи матни Конститутсия ба назарияи хуќуќ чунин мафхумхо, ба монанди “хуќуќи инсон”, “гуногунандешаги”, “бисёрхизби”, “волоияти ќонун”, “тачзияи хокимиятхо” ва ѓайрахо ворид гаштанд.

Хамин тавр, ќайд кардан мумкин аст, ки Конститутсия ба чараёни инкишофи давлати-хуќуќии мамлакат таъсири муайянкунанда расонидааст. Ќайд кардан зарур аст, ки азнавсозии демократии миќёсан васеъ, ислохотонии тамоми системаи чамъияти-сиёси ва хуќуќиро бе Конститутсияи соли 1994 амали кардан ѓайри имкон мебуд.

Баъди ќабули Конститутсия барои хангоми гузариш ба муносибатхои бозори аз тарафи Чумхурии Точикистон барномаи хачман васеи ислохоти иќтисоди кор карда баромада шуда буд. Соли 1995 Чумхури ба амали намудани ин барномаи навташкилкунии иќтисоди оѓоз кард, ки маќсади асосии он гузариш аз банаќшагирии марказонидашуда ба иќтисоди бозори мебошад. Барои ривочу равнаќ ёфтани иќтисоди бозори фаъолияти сохибкори ахамияти махсусан мухим дорад. Машѓул шудан ба фаъолияти сохибкори мухайё будани шартхои заруриро талаб мекард. Шарти аввал мавчуд будани ќонунгузорие мебошад, ки танзими фаъолияти сохибкориро ба рох мемонад. Бояд ќайд кард, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон соли 1994 дар моддаи 12 гуногуншаклии моликиятро хамчун асоси иќтисодии Точикистон эътироф намуда, фаъолияти озоди, иќтисоди, сохибкори, баробархуќуќи ва хифзи хуќуќии хамаи шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусусиро аз тарафи давлат кафолат додааст. Албатта, барои равнаќ ёфтани муносибатхои нави иќтисоди, аз он чумла сохибкори, мавчуд будани фаќат Конститутсия кофи нест.

Бо ин маќсад як ќатор хуччатхои меъёри ќабул карда шуд, ки яке аз онхо Кодекси граждании Чумхурии Точикистон мебошад, ки бисёр шартномахои нави муносибатхои нави иќтисоди инъикосмекардаро дар бар мегирад. Шартномахои наве, ки бо Кодекси граждании амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд, барои ривочу равнаќ додани фаъолияти сохибкори мусоидат менамояд. Гарчанде ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ибораи «шартномаи сохибкори» мавчуд набошад хам, вале дар як ќатор моддахои Кодекси мазкур, ки ин ё он хусусияти шартномаи сохаи фаъолияти сохибкориро ифода менамояд, дар бораи шартнома ё ўхдадорихо оиди баамалбарории фаъолияти сохибкори ё дар сохаи фаъолияти сохибкори сухан меравад. Шартномахои сохаи фаъолияти сохибкори бо хусусиятхои ба худ хосашон пеш аз хама бо хайати субъектхояшон аз дигар намуди шартномахо фарќ мекунанд. Субъекти чунин шартномахо дар чараёни сохибкори танхо ташкилотхо ва сохибкорони инфироди шуда метавонанд. Ба шартномахои сохаи фаъолияти сохибкори, ки хар ду тарафи шартнома ба сифати сохибкор баромад мекунанд, шартномахои махсулотсупори, шартномаи хариду фурўши махсулоти кишоварзи, шартномаи махсулотфиристони барои эхтиёчоти давлати, шартномаи фаъолияти якчоя ва ѓайра дохил мешаванд. Ба шартномахои сохибкорие, ки танхо як тараф метавонад ба сифати сохибкор баромад намояд, шартномаи хариду фурўш, таъмини барќ, киро, пудрати маиши, шартномаи кредит, идораи ба бовари асосёфтаи амвол, шартномаи пасандози бонки, суратхисоби бонки ва ѓайра дохил мешавад. Фаъолияти сохибкори хуќуќхои мустасноиро низ фаро гирифтааст.

Ќайд кардан зарур аст, ки Конститутсияи нави Чумхурии Точикистон барои ба амал баровардани ислохоти суди низ асоси воќеиро гузошт. Махз дар моддахои он бори аввал дар бораи Суди Олии иќтисодии Чумхурии Точикистон сабт гардид, ки дар оянда ба ташкили судхои иќтисодии Чумхурии Точикистон асос гузошт.

Дар шароити кунуни танзимкунандаи асосии муносибати моликият, истехсолот ва мубодилаи байни истехсолкунанда ва истеъмолкунандаи махсулоту молхо ќонун ва шартнома дар ягонагии онхо ва алоќахои байнихамдигарии бозори мешаванд. Махз бо ташкил ёфтани муносибатхои бозори талабот ба ташкилкунии системаи судии мустаќил, ки махсус барои барраси намудани бахсхои иќтисодии байни субъектхои хочагидори мувофиќ гардонида шудаанд, ба миён омад.

Зарурияти такмили минбаъдаи ќонунгузории мурофиавии хочаги дар соли 1995 ба кор карда баромадан ва ќабули ду санади нав: Ќонуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи судхои иќтисодии Чумхурии Точикистон” ва Кодекси мурофиавии хочагии Чумхурии Точикистон оварда расонд, ки асоси хуќуќии системаи сохтори суди ва мурофиаи судии судхои иќтисоди гаштанд. Онхо табдил ёфтани собиќ арбитражхои давлатиро ба маќомотхои комили хокимияти суди ифода намуда, бори аввал салохияти баамалбарории адолати судиро аз рўи парвандахои хочагидори ба зиммаи маќомоти суди гузошт. Дар ваќти хозира асоси хуќуќии системаи сохтори суди ва мурофиаи судии судхои иќтисодиро Ќонуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон» ва Кодекси мурофиавии иќтисодии Чумхурии Точикистон ташкил менамоянд.

Дуруст ва сари ваќт хал намудани бахсхо дар сохаи иќтисодии хаёти чамъият дар шароити ташаккули муносибатхои бозори барои химояи хуќуќи ташкилотхо, шахрвандони сохибкор, барои фаъолияти хамаи шаклхои хочагидории мамлакат ахамияти калон дорад.

Хулоса, Конститутсия мухимтарин хуччати хуќуќии хар як давлат мебошад, ки дар он асосхои хуќуќии хаёти чамъияти сабт ёфтааст ва Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз чумлаи онхост.

Судяи суди иктисодии

вилояти Сугд                                                                                             Аминзода С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *