Наврӯз иди бостонӣ ва анъанаи халқи тоҷик буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо Иди сари сол низ меноманд. Тақрибан зиёда аз се ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Ташаккули Наврӯз оид ба табиати зиндашавнда, дар баҳор вобаста аст ва ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмӣ табдил ёфтааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд “Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва руҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад”.
Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, “Ат-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.
Аксарияти ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд.
Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри VII то милод тақвими Авестоӣ ҷорӣ буд. Мувофиқи ин тақвим солро ба 12-моҳи 30-рӯза тақсим карда будаанд. Ҳар 30 рӯзи моҳ номҳои махсус дошт, ки яке аз он рӯзҳо бо номи он моҳ ҳамном буд ва он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз ин 12 ҷашн 3-тоаш аз сабаби он, ки дар ин рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёфт, муҳимтар шуморида мешуд. Ҷашни аввали баҳорро “Наврӯз” ҷанши аввали тирамоҳро “Меҳргон”, ҷашни рӯзи 10-уми баҳманмоҳро (ба 30-январи солшумории мелодӣ рост меояд), ки панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз меомад “Сада” мегуфтанд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳъёи табиат, оғози мавсими баҳории киштукори деҳқонӣ буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо эътибори бештаре дошт.
Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз ақидаҳои мухталиф мавҷуданд. Мувофиқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ шоҳони сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯзи аввали Наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, суҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм мубадон (рӯҳониёни аҳли зардушт), рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзандону хешу таборонро пазироӣ мекарданд. Рӯзи шашум худи шоҳ Наврӯзро ид мекард. Барои ҳамин ҳам ҷашни рӯзи шашумро Наврӯзӣ бузург номидаанд. Бояд қайд кард, ки дар Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойчон Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтаанд ва рӯзи-13-ум аз манзили худ ба беруни шаҳр ба сайр мебаромадаанд, ки онро дар Эрон “Сенздаҳбадар” меноманд.
Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Бадахшону Кӯлоб ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд дошт. Ҳар гуна дилхушиҳо ва бозию сайрҳои халқӣ баргузор мегардид.
Дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки 18-уми ферали соли 2010 баргузор гардид ва унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷилил гардад. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи марказӣ, як қимсми давлатҳои Ҳинду Араб, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия ва Африкои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башари табдил ёфтааст.
Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Тоҷикистони мо ҷашн мегиранд ва тамоми расму оини дар гузашта мардуми тоҷик доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем.
Раиси Суди
иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.