Дар оғоз аз ҷониби И.в Раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А. ба намояндагони воситаи ахбори омма аз натиҷаи фаъолияи мақомоти судӣ дар соли 2022 ахборот пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки суди иқтисодии вилояти Суғд ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда бармеоянд дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа дар нимсолаи якуми соли 2022 корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Тавре маълум аст вазифаи асосие, ки ба зиммаи судҳои иқтисодӣ гузошта шудааст ин баррасии саривақтӣ, холисона ва дурусти парвандаҳои судӣ, қабули қарорҳои қонуниву асоснок аст.
Давоми нимсолаи якуми соли 2022, 387 адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба маблағи 90 729 670 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 272 адад парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида аризаҳо ба маблағи 73 679 951 сомонӣ қонеъ гардонида шудааст.
Аз ҳисоби 387 аризаҳои даъвогии (ариза, маводҳо) баррасӣ шуда 41 ададаш аризаҳои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба руёнидани 78 197 842 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод шудааст, ки дар 29 ҳолат даъво пурра ва дар 11 ҳолати дигар даъво қисман ба маблағи 67 910 296 сомонӣ қонеъ, дар 1 ҳолат баррасии парванда ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудани намояндаи даъвогар бебаррасӣ мононида шудааст.
Давоми соли равон теъдоди 5 аризаҳои даъвогии ба манфиати мақомоти андоз оид ба рӯёнидани 783 873 сомонӣ пешниҳодшуда баррасӣ ва дар 5 ҳолат даъво пурра ба маблағи 783 873 сомонӣ қонеъ карда шудааст.
Суди иқтисодии вилояти Суғд 47 адад парвандаҳои иқтисодиро аз рӯи даъвоҳои мақомоти давлатӣ, ки ба манфиати давлат оид ба рӯёнидани 75 834 941 сомонӣ зарари аз насупоридани маблағи қувваи барқ, об, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар маблағҳои давлатӣ расонида шударо баррасӣ кардааст. Дар 33 ҳолат даъво пурра, дар 9 маврид даъво қисман ба маблағи 66 402 464 сомонӣ қонеъ ва ба ҳисоби давлат зарар барқарор карда шуда, 2 адад аризаи даъвогц бебаррасц мононида шуда ва 2 адад парвандаҳо бинобар даст кашидани даъвогар аз даъво қатъ карда шуда, 1 адад аризаи даъвоги бинобар ба мувофикаи созиш омадани тарафхо истехсолоти парванда қатъ карда шудааст.
Давоми нимсола якуми соли 2022 92 парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ ва аризаҳо дар 48 ҳолат пурра, 4 ҳолати дигар қисман қонеъ (аз он 67 адад аризахо) дар 35 холат қарори раисони шаҳру ноҳияҳо беэътибор дониста шуда, дар 4 ьолат ыисман ыонеъ, дар 14 маврид аризаҳо рад, 12 ҳолат бебаррасӣ ва дар 2 маврид ариза қатъ карда шуданд.
Гузашта аз ин давоми нимсолаи якум 4 аризаи субъектони соҳибкорӣ оид ба беэътибор донистани қарорҳои мақомоти андоз баррасӣ шуда қарор-огоҳномаҳо дар 1 ҳолат рад карда шуда, дар 3 маврид бебаррасц монда шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 теъдоди 24 парванда бо даъвои бонкҳо ба маблағи 3 566 848 сомонӣ ва 8 то бо даъвои ташкилоти қарзии хурд ба маблағи 1 162 681 сомонӣ баррасӣ шуданд, ки аз он 6-тоаш бо гарави амвол таъмин буданд. Аз натиҷаи баррасӣ дар 16 ҳолат даъвоҳои бонкҳо пурра, дар 4 ҳолат қисман ба маблағи 2 645 527 сомонӣ қонеъ шуда, даъвоҳои ташкилоти қарзӣ дар 3 маврид пурра ва 3 ҳолат қисман ба 448 153 сомонӣ қонеъ шудааст.
Дар ин давра зимни пешниҳоди даъво 931 539 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат воқеан пешпардохт карда шудааст. Ҳамин тавр, маблағи боҷи давлатии дар марҳилаи аввали судӣ рӯёнидашуда, бо назардошти маблағи боҷи давлатии бо ҳалномаҳои судӣ воқеан ситонидашуда 995 702,26 сомониро ташкил медиҳад (Ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 596 902 сомонӣ баробар буд. (фаркияти зиёдшави 398800,26 сомони)
Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, давоми нимсола маблағи боҷи давлатии аз руи ҳалномаҳои судӣ воқеан руёнидашуда ба 64 163,26 сомонӣ баробар шуда, маблағи зарари ба манфиати давлат воқеан иҷрошуда 24 562 783,13 сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда аз зарари нимсолаи якуми соли 2021 руёнидашуда (36032103 сомонӣ) ба андозаи 11469319,87 сомонӣ фарқияти камшавӣ дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 387 парвандҳои баррасишуда 44 ададаш дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, аз тарафи судяҳои суди иқтисодии вилоят дар ташкилоту корхонаҳо 89 вохуриву мулоқотҳо баргузор гардиданд.
Дар рӯзномаҳои мухталифи марказӣ ва вилоятӣ 9 адад, инчунин дар сомонаи интернетии суди иқтисодии вилояти Суғд 21 адад мақолаҳои ҳуқуқӣ, маводҳои ҷамъбастӣ, иттилоот ва ғайра ба чоп расонида шуданд.
Гузашта аз ин дар суди иқтисодӣ қабули доимии шаҳрвандон, ки бо арзу шикоятҳо муроҷиат мекунанд, аз ҷумла аз ҷониби шахсони роҳбарикунанда дар рӯзҳои шанбе ба роҳ монда шуда, дар рӯзҳои қабул муроҷиати 152 нафар ҳаллу фасл карда шудааст.