Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлол”.

Posted by

Санаи 4 ноябри соли 2026 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, инчунин бо иштироки устоди МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Абдуллоев Ромиз Холмуминович мизи мудаввар дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлол” баргузор гардид.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, сараввал  табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебуниссо Файзуллоро ба ифтихори ин ҷашни бузург, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар яки мо бисёр азизу гиромист расонид.

Ҳамчунин қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ин баёнгари соҳибихтиёрии мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст.

Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ метавон мушоҳида кард, чун бо азму талоши мардуми шарифи Тоҷикистон ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум таъмин гардида истодааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои рушди босубот таъмин менамояд. Мазмуну мундариҷаи Конститутсияи кишвар мукаммал буда, он дар байни беҳтарин конститутсияҳо ҷаҳон қарор дорад, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозист. Дар ин рӯзи муборак ба ҳама кормандони суд тандурустиву иқбол дар зиндагӣ ва пешравӣ дар фаъолиятҳоятон орзу намуданд.

Ҳамчунин маърузачиён, маърузаҳои пурмазмуни худро доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, қайд карданд, ки Конститутсия на танҳо санади муҳими ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари орзуву ормонҳои мардум, заминаи устувори суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, онро ба таври рамзӣ “бахтномаи миллат” меноманд.

Дар охир иштирокчиёни маҳфил андешаҳои худро оид ба ифтихор ва гиромидошти ин санади сарнавиштсози кишвар баён намуданд.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. дар фарҷом иширокдоронро бо 32-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак намуда ибрози миннатдорӣ намуданд ва бо ҳамин мизи мудвварро ҷамъбаст намуданд.