Дар ҳар як давлати иҷтимоӣ, ки низоми иқтисодияш инкишоф ёфтааст яке аз элементҳои механизми танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозорӣ ин қонунгузори оид ба муфлисшавӣ мебошад.
Ба монанди дигар соҳаҳои дониши инсонӣ қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ дар кишвари мо ҳодисаи нисбатан нав мебошад. Аз ин рў, ҷавоби мушахасро ба саволҳои алоҳида талаб менамояд.
Муфлисшавӣ – институти комплексӣ буда, дарбаргирандаи меъёрҳои ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ; мурофиаи маданӣ ва иқтисодӣ аст. Хусусияти ин институт ба он муайян мегардад, ки амали он танҳо дар доираи иқтисоди бозорӣ ба сатҳи муайяни инкишоф расида, имконпазир аст.
Расмиёти муфлисшавӣ ин «табибӣ» иқтисодиёт аст, ки иштирокчиёни ғайрифаъоли муомилоти хоҷагидориро бартараф менамояд. Дар иқтисодиёти нақшавӣ ин институт нолозим буд. Корхонаҳои зараровар имконияти аз тарафи давлат дастгири намуданро доштанд. Ҳамин тариқ эҳёшавии институти муфлисшавӣ дар давлати мо баъд аз гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ имконпазир гардид.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани масъалаи мазкур, дар ҷумҳурӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавӣ” қабул ва мавриди амал қарор дорад, ки он мутобиқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва ё аз тарафи худи онҳо муфлис эълон гардиданашон, асоси аз тарафи суд муфлис эътироф намудани шахси ҳуқуқӣ, ё ин ки аз тарафи худи онҳо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ, ё худ якҷоя бо кредиторон қабул кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳамдиҳии онҳоро муқаррар менамояд.
Оид ба муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ дар моддаи 26 ва барҳамдиҳӣ ва муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ дар моддаҳои 65-66 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шудааст.
Тибқи Қонуни мазкур, он доираи амал дошта, нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ, ки амволи давлатиро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар ихтиёр дорад – моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Тибқи моддаи 66 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои корхонаи махсус, муассиса, фонд ва ташкилоти динӣ, метавонад бо санади судӣ муфлис эътироф гардад. Асосҳои аз ҷониби суд муфлис эътироф гардидани шахси ҳуқуқӣ, тартиби барҳамдиҳии чунин шахси ҳуқуқӣ, инчунин навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ва қонунҳои дигар муқаррар карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни мазкур, мафҳумҳои асосии дар он истифода мешаванд, нишон дода шуда, тибқи он:
– муфлисшавӣ – аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд ё қарздор қодир набуданашро эълон намудааст;
– қарздор – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки барои қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба уҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои уҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қодир нест;
– уҳдадориҳои пулӣ – уҳдадории қарздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблағи муайяни пулӣ, аз рӯи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ ва дигар асосҳое, ки Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
– пардохтҳои ҳатмӣ – андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буҷети сатҳи дахлдор бо тартиб ва шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда ворид мегарданд;
Инчунин дар моддаи мазкур масъалаи – санатсияи тосудӣ – чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор, ки аз тарафи молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавӣ қабул карда мешаванд, нишон дода шудааст.
Аломатҳои муфлисшавӣ ин шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ барои қонеъ намудани талабҳои кредиторон аз рӯи уҳдадориҳои пулӣ ва ҳамчунин иҷрои пардохтҳои ҳатмии ба буҷет аз ҳисоби амволи онҳо воридшаванда қодирнабуда ҳисобида мешаванд, агар чунин ӯҳдадориҳо аз тарафи онҳо дар давоми се моҳ аз лаҳзаи эътибор пайдо карданашон иҷро карда нашаванд ва агар маблағи умумии уҳдадориҳояшон аз арзиши амволи ба онҳо тааллуқдошта зиёд бошад.
Мутобиқи модддаи 20 Қонуни мазкур, ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
– мушоҳида; – истеҳсолоти озмунӣ; – созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
– мушоҳида; – идоракунии беруна;
– истеҳсолоти озмунӣ; – созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – соҳибкори инфиродӣ расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
– истеҳсолоти озмунӣ; – созишномаи мусолиҳа.
Вобаста ба мавзуъи матраҳшаванда, боби 2 моддаҳои 22-23 пурра барои пешгирии муфлисшавӣ бахшида шуда, тибқи он муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки оид ба пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Бо мақсади пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ то замони ба суд додани ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор тадбирҳое меандешанд, ки ба беҳбудии молиявии қарздор нигаронида шуда бошанд. Тадбирҳои барои беҳбудии молиявии қарздор нигаронидашударо кредиторон ё шахсони дигар низ метавонанд дар асоси созишнома бо қарздор пешбинӣ намоянд.
Молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, кредиторони қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирии муфлисшавӣ метавонанд ба қарздор дар ҳаҷме, ки барои пардохт намудани уҳдадориҳои пулӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор (санатсияи тосудӣ) кифоягӣ мекунад, кӯмаки молиявӣ расонанд.
Расонидани кӯмакҳои молиявиро ҳамзамон қабули ӯҳдадориҳо аз тарафи қарздор ё шахсони дигар ба манфиати шахсони кӯмаки молиявӣ расонида ҳисобидан мумкин аст.
Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар менамояд. Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Дар моддаи 6 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўйи гурўҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад: банди 12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ аз 130 000 сомонӣ зиёд дар сол нишон дода шудаанд.
Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавӣ” боби 3 алоҳида ба “Баррасии парвандаҳои муфлисшавӣ дар суд” муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи 24 Қонуни мазкур, парвандаҳо дар бораи муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар судҳо аз рӯи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
Парванда оид ба муфлисшавӣ аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оғоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон – субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) дар маҷмўъ на камтар аз 500 (39000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (156000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд.
Тибқи моддаи 26 Қонуни мазкур, қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, шахсони дигар низ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намудан дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор бо сабаби иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулиро доранд.
Қарздор, прокурор, мақомоти андоз, мақомот оид ба идоракунии амволи давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор бо сабаби иҷро накардани воридоти пардохтҳои ҳатмӣ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намуданро доранд.
Шахсони зерин дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд:
қарздор; мудир; кредиторони озмунӣ;
мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи талабҳо оиди пардохтҳои ҳатмӣ;
прокурор, дар ҳолати бо аризаи ӯ баррасӣ намудани парвандаҳои муфлисшавӣ.
Дар маҷмуъ, асоси ҳуқуқии оғоз намудани парванда дар бораи муфлисшавӣ, ин асоси ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 26 Қонуни мазкур номбаршуда пешниҳод гардидаанд, оғоз карда мешавад.
Қобили қайд аст, ки мо дорем қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии татбиқи раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд. Яъне, ташкилотҳои қарзӣ низ метавонанд бо 2 роҳ ихтиёрӣ ва маҷбурӣ барҳам дода шаванд.
Барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ бо тариқи ғайрисудӣ тибқи асосҳои пешбиникардаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тибқи моддаи 7 Қонуни мазкур, барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ амалӣ мегардад. Пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд.
Мақоми кредиторон дар мурофиаи муфлисшавӣ нақши ҳалкунанда дорад, зеро он шахси асосии муроҷиаткунанда барои ба тариқи маҷбурӣ ҳуқуқи муроҷиат дошта, дар раванди баррасии парванда низ кредиторон бо мудирони муваққатӣ ва озмунӣ маҷлиси дахлдор гузаронида, ҳолати барқарор шудан ва ё муфлисӣ зимни он муайян карда мешавад.
Судяи Суди иқтистисодии вилояти Суғд
Эмомализода Навруз Эмомалӣ