Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Posted by

Ҳамкасбон ва собиқадорони мақомоти судӣ! Шуморо ба муносибати иди касбӣ “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” самимона табрик гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф комёбиҳоро таманно дорам.

Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи моддаи 9, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Дар идомаи такмили қонунгузории низоми судии кишвар соли 2001, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистион “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Шарафманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, рушди нақш ва мавқеи суд солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-1017 ва 2019-2021, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа то рафт таҳким ёфт.

Вазифаи ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Бо чунин эътимоди бузург бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоӣ барору комёбӣ орзу менамоям.