Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон мақомоти судӣ ҳамчун рукни муҳими ҳокимияти давлатӣ ва посдори волоияти қонун нақши калидӣ мебозад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳокимияти судӣ имрӯз ба низоми мустақил, шаффоф ва боэътимоди ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд табдил ёфтааст.
Адолатхоҳӣ яке аз арзишҳои олитарини башарӣ буда, аз қадимтарин замонҳо орзуи деринаи мардум ба шумор меравад. Дар ҷомеаи муосири ҳуқуқбунёд суд мақомоти ягонаест, ки адолати судиро амалӣ месозад. Таъсиси рӯзи кормандони мақомоти судӣ арҷгузорӣ ба таърихи рушди ин низом, қадршиносии заҳматҳои шабонарӯзии судяҳо ва кормандони дастгоҳ ва таҳкими минбаъдаи боварии ҷомеа ба рукнҳои адолат аст. Дар ин замина, омӯзиши илмии нақши ҳам судҳои умумӣ ва ҳам судҳои иқтисодӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи соҳибкорӣ ва таъмини волоияти қонун аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад. Дар шароити муосири иқтисоди бозаргонӣ ва рушди муносибатҳои молиявӣ, нақши судҳои иқтисодӣ дар таъмини фазои солими рақобат ва ҳимояи манфиатҳои соҳибкорон бениҳоят муҳим мебошад. Бо мақсади мутобиқ сохтани қонунгузорӣ ба стандартҳои байналмиллалӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон якчанд марҳилаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ амалӣ карда шуданд. Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти судӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ, ба ҳалли муноқишаҳои байни субъектҳои хоҷагидор, ширкатҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва давлат машғуланд. Ҳар як қарори одилонае, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ қабул мешавад, дар асл ба устувории молиявии корхонаҳо, ҳифзи ҷойҳои корӣ ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Поквиҷдонӣ, беғаразӣ, саривақтӣ ва қонунӣ будани қарорҳои қабулгардида кафолати асосии рушди иқтисодии кишвар мебошанд. Кормандони мақомоти судҳои иқтисодӣ дар баробари баррасии парвандаҳо, инчунин дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи иқтисод ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон фаъолона саҳм мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи касбии кормандони ҳокимияти судӣ самимона табрик намуда, пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори обод, хотири ҷамъ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар фаъолияти пурмасъулияти касбӣ орзу менамоям.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд: Муъминзода Фирӯза.