Созандагӣ ва ободонӣ – заминаи рушди устувори иқтисодӣ ва адолати ҷомеа

Posted by

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ба ин муносибат, соли 2026 дар мамлакат “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид.

Ин ташаббуси оқилона ва фармони таърихӣ роҳи моро ба сӯи созандагӣ равшантар намуда, ҳар як шаҳрвандро ба меҳнати содиқона баҳри шукуфоии диёр ҳидоят мекунад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ танҳо бо суханони баландпоя маҳдуд намешавад ва он дар амалу корҳои ҳаррӯзаи созандагӣ таҷассум меёбад. Вусъат додани корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар қаламрави мамлакат имрӯз ба як ҳаракати умумимиллӣ ва нишони садоқати ҳар як шаҳрванд ба Ватан мубаддал гаштааст. Ин раванд на танҳо симои шаҳру деҳоти кишварро дигаргун месозад, балки барои рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам меорад.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ободонии инфрасохтор, бунёди роҳҳо ва сохтмони иншооти нави хизматрасонӣ барои фаъолитяи озодӣ соҳибкорӣ заминаи мусоид мегузорад. Имрӯз дар кишвар корҳои ободониву созандагӣ бомаром пеш рафта истодаанд, аз ҷумла бунёди роҳҳо ва сохтмони иншооти нави хизматрасонӣ, бунёди мактабҳо, дармонгоҳҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ. Маврид ба зикр аст, ки яке аз онҳо ин сохта ба истифода дода шудани бинои маъмурии Суди вилояти Суғд мебошад, ки дар он ҳамчунин Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир карда шудаанд. Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои мурофиа ва дигар утоқҳои хизматӣ бо назардошти талаботи муосир ҷиҳозонида шуда, барои фаъолияти босамари судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва қабули шаҳрвандон дорои шароити зарурӣ мебошанд. Ин ҳама ташаббусҳо барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум нақши хеле калон дорад.

Боиси қайд аст, ки ободонии кишвар вазифаи якрӯза ё яксола нест. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар пешрафти кишвари азизамон ҳамеша саҳмгузор бошад. Ҳар як дарахте, ки имрӯз шинонида мешавад ва ҳар як кӯчаю биное, ки обод мегардад, заминаест барои фардои дурахшони фарзандони мо.

Ҳамин тариқ қайд кардан бамаврид аст, ки корҳои ободонӣ ин худ нишонаи фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи кишварро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст ки дар пешравии кишвари азизамон саҳмгузор бошем ва 35-солагии Истиқлолияти давлатамонро бо дастоварду пешравиҳои назаррас истиқбол гирем.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд                 Олимиён Табарруки Ботурҷон