ИШТИРОК ДАР КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Posted by

Рӯзҳои 21 то 22 июли соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Конгресси байналмилалии VI умумирусӣ таҳти унвони «Парадная Ассамблея», бахшида ба масъалаҳои муфлисшавӣ баргузор гардид.

Дар кори Конгресс намояндагони мақомотҳои судӣ, давлатӣ ва коршиносони кишварҳои ИДМ, БРИКС ва дигар давлатҳо иштирок намуда, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, амалияи судӣ доир ба муфлисшавии фаромарзӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

Дар ҳамоиши мазкур ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Далер Шукурҷон, муовини раиси суди шаҳри Бохтар Одиназода Амирҷон ва судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Зиёзода Ҳокимбек Азизбек намояндагӣ карда, дар муҳокимаҳои мавзуӣ фаъолона иштирок намудаанд.

Номбурдагон таҷрибаи кишварҳои иштирокчиро омӯхта, оид ба рушди амалияи судӣ, муфлисшавии фаромарзӣ ва ҳамкориҳои касбӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Иштирок дар Конгресси мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти судӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва такмили фаъолияти судӣ мусоидат менамояд.