Ваҳдати миллӣ омили устувории миллат

Posted by

Ваҳдати миллӣ яке аз мафҳумҳои асосии илми сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ мебошад, ки ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеаро ифода мекунад. Он ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар заминаи манфиатҳои умумимиллӣ ташаккул ёфта, ба таҳкими давлатдорӣ ва суботи сиёсӣ мусоидат менамояд. Мафҳуми ваҳдати миллӣ на танҳо ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандонро дар бар мегирад, балки эҳсоси масъулиятшиносӣ, ватандустӣ, ва садоқат ба Ватанро низ ифода мекунад. Дар чунин шароит тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ новобаста аз миллат, забон ва эътиқод дар атрофи ҳадафҳои умумии миллӣ муттаҳид мегарданд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили устувории миллат нақши калидӣ дорад. Давлате, ки дар он сулҳу субот ва ҳамбастагӣ ҳукмфармост, метавонад сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро самаранок амалӣ намояд ва ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардад. Бидуни ваҳдат, рушди устувор ва пешрафти ҷомеа ғайриимкон мегардад. Дар шароити Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди муҳими таърихӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Маҳз он заминаи асосии барқарорсозии сулҳ ва пешрафти минбаъдаи кишвар мебошад. Дар ин раванд нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ин арзиш хеле муҳим мебошад. Ин марҳила бо ислоҳоти васеи сиёсӣ, устуворсозии сохторҳои давлатӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ тавсиф мешавад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосӣ имкон дод, ки ҷомеа аз ҳолати буҳронӣ баромада, ба сӯи рушди устувор ва давлатдории муосир қадам гузорад. Таҳкими давлатдории миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсӣ дар даврони ваҳдати миллӣ таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Давлати Тоҷикистон тавонист дар асоси Конститутсия ва принсипҳои ҳуқуқӣ сохтори мустаҳками давлатӣ бунёд намояд. Ин раванд ба устувор шудани институтҳои сиёсӣ ва баланд гардидани нуфузи давлат дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат кардааст. Дар ин марҳила, пояҳои истиқлолияти сиёсӣ тақвият ёфтанд ва давлат тавонист сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷии худро пеш барад.

   Судяи суди иқтисодии      

   вилояти Суғд                                                                              Ниёззода М.