ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН – Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Навруз

Posted by

Тоҷикистон дар оғози соли 1990 яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқии Иттиҳоди Шуравӣ буда, дар қатори чордаҳ ҷумҳурии иттифоқии дигар бо тарғиби мафкураи ягона ва рушди иқтисоди нақшавӣ ташаккул меёфт. Бӯҳрони иқтисодиву сиёсие, ки кулли Иттиҳоди Шуравиро фаро гирифт, сабаби барҳам хӯрдани Ҳокимияти шуравӣ гашта, дар қатори давлатҳои дигари иттифоқӣ, Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил эълон гардид. Эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ – заминаи муҳимтарин барои таъсиси давлатдории миллӣ фароҳам оварда, дар навбати худ мавҷудияти давлати миллӣ бояд пояи ташаккул ва рушди  бемайлони кишвар ва миллат мегардид.

Вале дар Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои аввалини Истиқлол ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, тамоми Тоҷикистонро ба низои дохилӣ кашид. Албатта оид ба баҳона, омилу сабабҳои ҷанги мазкур адабиёти зиёд вуҷуд дорад, ки ба таҳлили онҳо бахшида шудааст. Марҳилаи асосии ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1992 нимаи аввали соли  1997 давом карда, Тоҷикистон дар он қӯрбонии зиёд, аз ҷумла зиёда аз 135 ҳазор шаҳрвандонаш ҳалоқ, маҷрӯҳ, нопадид гашта, миллионҳо нафар  аз кишвар гуреза шуданд. Ҳисороти моливу пулӣ низ бегуфтугӯ зиёд буда, иқтисоди кишварро фалаҷ гардонид.

Дар ҳамин гуна вазъият дар кишвар артиши давлатӣ бо нерӯҳои мухолиф меҷангиданд ва ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои муштаракулманофеъ ва дигар кишварҳои дуру наздик кӯшиш доштанд, то оташи ҷангро дар Тоҷикистон хомӯш намоянд.

Барои миллати тоҷик албатта, созиши тарафҳо, пешгирии оташи ҷанг ва муттаҳид намудани миллат ҳадафи асосии ин марҳилаи таърихи давлатдории тоҷикон буд.

Дар баробари дарки масъулият дар назди миллат, таъриху ояндаи кишвар, тоҷикон тавонистанд созиш намоянд ва дар давоми зиёда аз 20 вохӯриву суҳбатҳо ҳамдигарфаҳмӣ намуда, «Созишномаи истиқрори сулҳ ва созиши миллӣ»-иро 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав имзо намуданд. Имзо намудани Созишнома дарки воқеияти сиёсиву иқтисодӣ, хирадмандӣ, созиш, иродаи қавӣ ва нерӯи бузургро талаб мекард, ки хушбахтона тарафҳои даргир ин сифатҳоро нишон дода, маҳз дар ҷараёни ҷанг, оташбаси тоҷикон, бастани Созишнома ва воқеаҳои минбаъда фаъолият ва саҳми як қатор фарзонафарзандони миллати тоҷик ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бузург ба назар мерасад.

Ваҳдати миллӣ дар натиҷаи ҷонсупориҳои намояндагони миллат бо сарварии Пешвои миллат ба даст омада, заминаи муттаҳид гаштани миллати тоҷик, ободонии Ватан ва эҳё намудани иқтисоди кишвар гардид.

Ваҳдати миллӣ дар натиҷаи муборизаи паёпай бо душманони миллат, онҳое, ки манфиатдори давом додани ҷанг буданд, як қисме, ки бо дастгирии давлатҳои хориҷӣ амал карда, табиист, ки то ба даст овардани манфиати ин кишварҳо ҷангро давом додан мехостанд, гурӯҳи муҷоҳидони аз кишварҳои Узбекистону Афғонистон ба кишвар дохилшуда, ки бо кӯмаки шаҳрвандони тоҷик роҳи рушди минбаъдаи кишварро тағйир додан мехостанд ва нафароне, ки наздикони худ ва молу дороии худро дар ҷараёни ҷанг талаф дода буданд, ба даст омад.

Имрӯз баъд аз тақрибан се даҳсола гузаштан аз он ҳаводис фаъолияти ҳар як иштирокчии онро мо метавонем холисона баҳо дода, мавқеъ ва саҳми ҳар як фарди ҷомиеаро муайян намоем. Дар байни фаъолони он марҳила махсусан нақши Пешвои миллат хеле барҷаста ба назар мерасад, ки мунтазам ва ба таври муттасил ҳадафи сулҳ, оромӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, ободонии кишвар, устувории давлат, ҳимояи марзу Ватанро гузошта, ҷонсупорона ба миллат хизмат намуданд ва унвонҳои волотаринро дар кишвар лоиқ гардиданд.

Санади басташуда «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» хусусияти хоси худро дошта, аз санадҳои дигар тафовути ҷиддӣ дошт. Ин санад дар баробари имзо шудан, як қатор механизмҳои таъминотӣ ва иҷронамоии худро дошт, ки пеш аз ҳама, ташкили комиссияи оштии миллиро номбар намудан лозим аст. Комиссияи оштии миллӣ (минбаъд КОМ) аз як ҷониб барои бастани созишнома замина шуда бошад, пас дар пояи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», ягона механизми татбиқи бандҳои Созишнома ба шумор меомад. Тибқи созиши тарафҳо дар Комиссия бояд намояндагони ҳарду тараф ворид карда шуда, кулли масоилро бояд дар мувофақаи тарафҳо таҳия ва барои қабул ба мақомоти давлатӣ ирсол мегардид.

КОМ аввалин ҷаласаи худро аз 7-11 июни соли 1997 дар шаҳри Москва баргузор намуда барои бастани аст. Аввалин ҷаласаи он дар шаҳри Душанбе 15 сентябри соли 1997 баргузор шудааст. Муҳлати амали КОМ баъд аз амалисозии Созишнома ва интихоботу ташкили Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ қатъ мегардид. КОМ аз 26 нафар аъзо, ки 13 нафари аз ҷониби ҳукумат ва мухолифон буданд, таъсис гардида, дар таркиби он чор зеркомиссия амал мекард. Ду комиссияи он – зеркомиссияи сиёсӣ ва муҳоҷиронро намояндагони Ҳукумат ва зеркомиссияҳои ҳуқуқӣ ва низомиро намояндагони мухолифин роҳбарӣ мекарданд. КОМ метавонист зеркомиссияҳои нав ташкил диҳад ё онро бекор кунад, гурӯҳҳои корӣ барои ҳалли масоили таъҷилӣ таъсис намояд. Дар адабиёти давраӣ аз таъсис то рузҳои охирини кории КОМ мақолаю иттилооти зиёд вуҷуд дорад, вале мо мехостем дар ин мақола як бори дигар дар бораи таҳия ва таҳиягарони  Комиссияи оштии миллӣ ва ҳадафу мазмуни фаъолияти он, махсусан то кадом дараҷа дақиқкорона вазифагузорӣ кардан ба он қайд намоем. Ҳамин дақиқу мушаххас муайян намудани мазмуну моҳияти фаъолияти комиссия буд, ки он то охири соли 1998 чунин корҳоро ба анҷом мерасонад: таҳияи санади ҳамдигарбахшӣ; тартиб додани Қонуни авф; пешниҳоди намояндагони мухолиф ба ҳукумат дар асоси ҳиссаи 30%; тағйирот ба Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ; муҳокима ва пешниҳоди лоиҳаи тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; ворид намудани намояндагони мухолифин ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ.

Таҳия ва муҳокима намудани ин гуна масоили дар ҳамон марҳилаи таърихи душвортарин, ва махсусан муҳокима ва қабули лоиҳа аз ҳарду ҷониб боиси таҳсин ва ифтихор аст. Кулли масоили мазкур дар ҷаласаҳои на танҳо КОМ, балки Ҳукумат ва мақомоти давлатӣ, инчунин аз ҷониби фаъолони ҷомеа, аз ҷумла олимон – намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон  баррасиву муҳокима гардида, минбаъд ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол мегардиданд ва танҳо бо розигӣ ва дастгирии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ин пешниҳодҳо ба санади меъёриву ҳуқуқӣ ва чорабиниҳои ташкилӣ мубаддал мешуданд.

Ҳар як лоиҳаи нав, қарори нави якҷояи аъзои КОМ ҳамдигарфаҳмиро бештар ва умеди мардуми тоҷикро ба сулҳу оромӣ ва ободии кишвар наздик месохт.  Пешвои миллат бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ҷомеа, манфиатҳои миллату давлат, якпорчагии кишвар, ваҳдати миллӣ ба масоили рӯз нигоҳ карда, қарорҳои хирадмандона ва ба талаботи рӯз мувофиқро қабул менамуданд.

Қайд намудан лозим аст, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо мухолифин як намуди нави санадҳои ҳуқуқӣ қабул мешуданд, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносон «Санадҳои созишӣ» ном гирифтанд. Санадҳои созишӣ қисми ҷудонашавандаи сарчашмаҳои ҳуқуқиро ташкил дода, дар заминаи ба назар гирифтани манфиат ва талаботи ҳамон вазъияти сиёсиву иқтисодӣ қабул мешуд. Ин санадҳо дар муътадил гардонидани вазъи сиёсиву тартиботи ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, риоя намудани қонуният, таъсиси ҳокимияти маҳаллӣ, фаъолияти мақомоту шаҳрвандон, эҳёи иқтисодиёт нақши ҳалкунанда доштанд. Гузаштҳо ба хотири миллат, дар воқеъ ба ваҳдати миллӣ поя гузошта, минбаъд сабаби рушди бемайлони иқтисодиву сиёсии кишвар гардид.

Ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хирадмандонаи Пешвои миллат дар такя ба шаҳрвандони кишвар ба даст омад, барои оромии кишвар, устувории давлат, якпорчагӣ ва нуфузи сиёсии кишвар дар минтақа ва ҷаҳон замина гашта, аз ҳама муҳим давлатдории миллии тоҷикон таъсис гардид, ки он ҳамчун механизми ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои ояндаи миллат  хизмат мекунад. 

 Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Навруз

д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИДҲ-и АМИТ –Буризода Эмомалӣ Бозор