Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки дар хиёбони Спитамен доир шуд, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебунисо, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, фаъолон, собиқадорон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ бо ишора ба дастовардҳои муҳим дар соҳаҳои гуногун, таъкид кард, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тамоми мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як зинаи нави рушду тараққиёт расиданд.
Гуфта шуд, ки ҷаҳонишавии Наврӯз, ки имрӯз на танҳо ҷашни Тоҷикистон, балки тамоми минтақа ва ҷаҳон аст, боиси ифтихори халқи тоҷик аст.
Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебунисо дар суханронии худ бо ишора ба аҳамияти Наврӯз ин ҷашнро барои мардуми Тоҷикистон ҷашни эҳёи табиат ва эҳсоси нав дар ҳаёт унвон намуд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки як ҷашни маърифату ваҳдати халқҳост. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси худ дар мавриди ҷаҳонӣ кардани Наврӯз як саҳифаи нави таърихиро боз карданд, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо шодию хурсандӣ таҷлил мешавад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ номаи табрикотии раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, афзуд, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашн, балки як рамзи тағйироти куллӣ ва рушд аст.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти маҳаллӣ шаҳомати баланд дошт.


